– Ҳ –
ҲАВВО - حوا зиндагӣ; ҳамсари Одам (а)
ҲАБИБА а. حبیبه муаннаси ҳабиб; маҳбуба, маъшуқа.
ҲАДИҚА - حدیقھ боғ, боғи атрофаш деворкардашуда
ҲАДИСА - حدیثھ нав, тоза, нақл, ривоят
ҲАДИЯ - ھدیھ тӯҳфа, бахшиш, савғо
ҲАКИМА а. حکیمه муаннаси ҳаким.
ҲАҚИҚА - حقیقھ лоиқ, сазовор, шоиста, муносиб
ҲАЛИЛА - حلیلھ зан, завҷа, зани қонунӣ, зани ҳалолӣ
ҲАЛИМА а. حلیمه 1. зани бурдбор;
2. номи зане мебошад, ки дояи Расули акрам Муҳаммад (с) буд.
ҲАМДИЯ - حمدیھ ситоишкунанда, сипоскунанда
ҲАМИДА - حمیده писандида, хуб, сутуда, ситоишшуда
ҲАНГОМА - ھنگامھ маърака, воқеа; замон, мавсим
ҲАНИФА - حنیفھ диндори ҳақиқӣ, собитқадам дар дин; пок
ҲАСНО - حسناء бисёр зебо; порсо, боиффат; хуб
ҲАССОНА - حسانھ бисёр неку ва зебо; зинатдиҳанда
ҲАФИЗА - حفیظھ нигаҳбон, нигаҳдор, ҳимояткунанда
ҲАФСА - حفصھ шер; номи ҳамсари Паёмбар (с)
ҲИЛОЛА - ھلالھ моҳи нав, камонабрӯ
ҲОДИЯ - حادیھ раҳнамо, роҳнишондиҳанда, ҳидояткунанда