Formula novemver 2024
Номномаи Исломӣ | Номҳои духтарона бо ҳарфи "Ҷ"
9487

Ҷ

   ҶАВЛОНА -  جولانھ бо рафтори хиромон ҳаракаткунанда

   ҶАВҲАРА -  جوھره санги қиматбаҳо, алмос, марворид, ёқут

   ҶАННАТ - جنتّ биҳишт, макони озодӣ ва хушбахтӣ

     ҶАЛИЛА а. جلیله муаннаси ҷалил; зани бузургқадр («Амид») («Мунтаҳо», «Нозим», «Деҳхудо»). 

    ҶАСОМА -  جسامھ меҳтар, бузург, тануманд; сарвар; ҳалим

    ҶАМИЛА а. جمیله 1. зани зебо ва соҳибҷамол, некрухсор; 

2. номи яке аз занони ҳазрати Умар ибни Хаттоб.

ҶАҲОНАФРӮЗ جهان افروز мӯҷиби равшании олам, оламтоб, оламафрӯз; ном барои мардон ва ҳам занон.

ҶАҲОНОРО جهانگیر ороишгари дунё, зебо, дилписанд.

     ҶИЛВА -  جلوه тобон, дурахшон, ҷилобахшо

      ҶОЗИБА - جاذبھ ба худ ҷалбкунанда, дилрабо, мафтункунада

      ҶОЛИБА -  جالبھ ба худ кашанда, ҷалбкунанда, ҳавасангез

      ҶОНАФЗО - جانفزا рӯҳафзо, фараҳбахш, роҳатбахш, ҳаётбахш

      ҶОРИЯ -  جاریھ духтар, духтари ҷавон; канизак, хидматгор

       ҶОНОН جانان1. нигаҳбони зиндагӣ; 

2. маҳбуба, маъшуқа («ФЗТ»); дилбари зебо ва бисёр дӯстдоштанӣ, маъшуқе, ки ошиқаш ӯро монанди ҷони худ дӯст дорад («Фарҳехта», «Дурҷ»); . 

3. шоҳид («ФЗТ», «Фарҳехта», «Дурҷ», «Нозим»).

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Ҷанғил 2019-09-11, 18:12
Ҷанғил чи маъно дорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Ҷанғил 2019-09-11, 18:12
Ҷанғил чи маъно дорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД