– С –
САБЗИНА سبزینه 1. мансуб ба ранги сабз бошад;
2. маъшуқаи гандумгунаро гӯянд, дилбари мавзунқад ва гандумҷурда.
САБО а. صبا боде, ки аз тарафи шарқ мевазад; шамоли форам, насими салқин («ФЗТ»); боди баҳорӣ («Вожаҳои сара»); ,
САБОҲАТ а. صباحت сафедрӯй, хушрӯй, зебоӣ («ФЗТ»); зебо будан, зебоӣ, хубрӯӣ, сафедрӯӣ, равшании чеҳра, хушгилӣ («Вожаҳои сара»); хубӣ; ,
САВСАН سوسن 1. гулест бо баргҳои дароз ва борик ва гулҳои хушбӯ ба рангҳои мухталиф («Муъин»); гулест маъруф – ва он ду қисм аст: сафед, ки онро озод гӯянд ва кабуд, ки онро абарсоъ гӯянд («Мунтахаб»); номи гулест осмонгун («Fиёс»); гиёҳе аз тираи савсаниҳо бо гулҳои фаслии зебо («ФНЭ»); гулест пиёзбех, ки баргҳояш борику баланд буда, гулҳои рангоранги зебо дорад («ФЗТ», «Ф.Ҷомӣ»);
2. зане ромишгар аз Тӯрон («ФНЭ»).
САВСАНБАР سوسنبر 1. касе, ки бараш ба савсан монанд аст («ФНЭ»);
2. гиёҳест.
САВДА - سوده сарват; бузург; сиёҳранг; зани Муҳаммад (с)
САВРӢ - ثورى сурх, сурхранг, гули сурх
САДАФ а. صدف 1.ҷилде, ки дар даруни он як навъ ҷонвари баҳрӣ ҷой дорад («ФЗТ»); қишри (ғилофи) ҳайвони маъруфи баҳрӣ, ки марворид дар даруни он пайдо шавад («Ф.Шоҳнома»); пӯстаи сахте, ки навъе ҷонвари нармтани дарёӣ дар он зиндагонӣ мекунад; анвои садаф вуҷуд дорад аз ҷумла: садафи хӯрокӣ ва садафи марворидӣ («Муъин»);
2. моддае, ки ба даруни садаф пайдо шуда, батадриҷ ба гавҳар мубаддал мешавад («ФЗТ»); маъруфтар аз ҳама садафи марворид аст, ки дар дохили бадани худ моддае тавлид мекунад, ки батадриҷ мутаҳаҷҷир мешавад ва ташкили марворид медиҳад («Амид»); гӯшмоҳӣ («Ф.Ҷомӣ»);
3. се ситора аст ба шакли мусаллас бар даври қутб, ки онро садафи қутб гӯянд («Fиёс», «Деҳхудо»).
САДБАРГ صدبرگ номи гуле мебошад, ки дорои ранги зард бошад ва ба ҳиндӣ онро «генда» мегӯянд; ва низ номи ҳар гуле бошад, ки нисбат ба дигар ақсоми худ соҳиби барги зиёд бошад. ҳазора; ном барои духтарон аст.
САДОҚАТ а. صداقت 1. дӯстии самимӣ, дӯстӣ ва ростӣ («ФЗТ»); дурустӣ («Амид»); дӯстӣ доштан («Фарҳехта»); ва муҳаббатест содиқ, ки боис шавад бар эҳтимоми ҷумлагӣ асбоби фароғати сиддиқ ва исор расонидан ба ҳар чиз, ки мумкин бошад («Деҳхудо», «Муъин»); омезиш кардан, дӯстӣ намудан, ёрӣ («Вожаҳои сара»);
2. дурустӣ ва ростӣ («ФНЭ»); ростӣ кардан, росткорӣ намудан, ростгӯйӣ («Мунтаҳо», «Деҳхудо»);
3. ягонагӣ кардан, якрангӣ намудан («Вожаҳои сара»).
САЙЁРА а. سیاره 1. муаннаси сайёр; корвон, қофила («Амид», «Fиёс» («Ф.Шоҳнома»);
2. ва ҳар ситорае, ки даври хуршед бигардад;
3. киноя аз ахгар, оташпора, оташак («Ф.Ҷомӣ»);
4. духтари вазир дар китоби «Тӯтинома» («ФНЭ»).
САЁҲАТ - سیاحت сайр, гардиш, сафар, ҷаҳонгардӣ
САИДА - سعیده саодатманд, хушбахт, нек, муборак
САЙЛОНА - سیلانھ ҷоришавӣ, оби ҷорӣ
САЙФИЯ - سیفھ шамшер
САЙФУРА - سیفوره матои абрешимини нафис
САКИНА а. سکینه 1. оромиш, осудагӣ;
2. виқор;
САЛИМА а. سلیمه муаннаси салим; зани софдил ва покдоман.