– Ш –
ШАБНАМ شبنم 1. рутубате, ки шабона ё саҳар ба рӯи сабзаҳо, гиёҳҳо, гулҳо ва ғ. мерезад («ФЗТ»);
2. киноя аз ашки чашм («Ф.Шоҳнома»);
3. ҷомаи сафеду борик ва латиф («Fиёс»).
ШАБМОҲ شبماه моҳи шаб («ФНЭ»).
ШАБАФРӮЗ - شب افروز шабро равшанкунанда
ШАББОДА - شباده насими форами шабона, боди сабук
ШАВҚИЯ - شوقیھ рағбаткунанда, иштиёқманд, майли зиёд
ШАМИЛА - شمیلھ қиёфа, намуди берунӣ; хислатҳои нек
ШАМИМА - شمیمھ хушбӯй, бӯи хуш
ШАМСИЯ - شمسیھ офтоб, хуршед, меҳр; чатр, соябон
ШАККАР // ШАКАР شکر шириние маъруф аст, ки аз найшакар ҳосил шавад; номест мансуб ба бонувон ва мардон ва дар номсозии тоҷикӣ дар таркиби Шакармоҳ, Шакаргул, Миршакар ва ғ. дучор мешавад.
ШАРИФА а. شریفه муаннаси шариф.
ШАРОРА شراره пораи хурди ҷаҳандаи оташ, («ФЗТ»); ҷараққа, оташпора, забонаи оташ, шӯъла («Ф.Шоҳнома»); оташпораи вобид, ки биҷаҳад («Fиёс»); резаи оташ, ки ба ҳаво мепаррад («Амид», «ФНЭ»); воҳиди шарор («Муъин»); ҷараққаи оташ («Нозим», «Деҳхудо»);
2. ахгар, пораҳои паранда ва дурахшони оташ ва ё филлизи тафта.
ШАРОФАТ а. شرافت шариф будан, бошарафӣ; обрӯмандӣ («ФЗТ»); бошараф будан («ФНЭ»); бузургворӣ, арҷмандӣ, бузургӣ («ФНЭ», «Фарҳехта», «Муъин»); баландқадрӣ («Амид»); шараф, бузургмиқдорӣ, маҷд, рифъат, қадр; наҷобат ва асолат ва баландқадрӣ ва бузургмартабатӣ («Нозим», «Деҳхудо»).
ШАРҚИЯ - شرقیھ духтари шарқӣ, ховарӣ
ШАФИЯ - شفیعھ шафоаткунанда, восита
ШАФИҚА - شفیقھ меҳрубон, дилсӯз
ШАФОАТ - شفاعت талаби афв ё ёрмандии касе барои касе
ШАҲГУЛ شهگل шоҳи гул, гули зебо ва бошукӯҳ.
ШАҲДУХТ شهدخت духтари шоҳ.
ШАҲЁР شهیار 1. пуштибон ва ёвари бошукӯҳ;
2. дӯсти подшоҳ, ҳамдами шоҳ.
ШАҲЗОДА شهزاده фарзанди подшоҳ, подшоҳзода, писари подшоҳ («Ф.Ҷомӣ»); мухаффафи шоҳзод; .
ШАҲИНДУХТ شهین دخت духтари шоҳ, шаҳдухт, биншаҳдухтар, шаҳзода.
ШАҲЛО а. شهلا1. зани мешчашм («ФЗТ», «Мунтахаб», «Fиёс», «Амид», «Фарҳехта», «Дурҷ»); бонуе, ки соҳиби чашми кабуд ва сиёҳ ва зебо аст.
2. чашми сиёҳи калони зебо ва дилфиреб («ФЗТ», «Амид»); мушобеҳи чашми инсон ҳамон наргис аст («Fиёс»); чашми сиёҳфом ва дорои фиребандагӣ («Деҳхудо»);
3. навъест аз наргис, ки дар гули он ба ҷои зардӣ сиёҳӣ мебошад («Fиёс»); навъе аз гули наргис («ФНЭ»);
4. ва дар «Сироҷ» навишта, ки шаҳло ба маънии чашми сиёҳе, ки моил ба сурхӣ бошад («Fиёс»).
ШАҲНАВОЗ شهنواز 1. навозандаи шоҳ («ФНЭ»);
2. навохтаёфтаи шоҳ («ФНЭ»).
ШАҲНОЗ شهناز 1. нози шоҳ, шоҳи ноз, подшаҳи ишва;
2. номи яке аз оҳангҳои мусиқии эронӣ;
3. ба маънии арӯс низ омадааст;
4. баъзе навиштаанд, ки номи хоҳари Ҷамшед буд, ки ба никоҳи Заҳҳок даромад.
ШАҲПАР شهپر 1. шоҳбол, шоҳпар;
2. парҳои бузурги парандагон.