– П –
ПАДИДА پدیده ном барои бонувон; 1. чизи тозападидомада, навзуҳур, бемонанд дар гузашта («Муъин»);
2. он чи мушоҳида ё ба василаи ҳавос идрок мешавад («Муъин»);
ПАНОҲ پناه аз асмои занон; маънии он дар луғот: 1. ҳифз, ҳимоят, амон («Муъин»); зинҳор, канаф («Фарҳехта», «Дурҷ»); муҳофизат;
2. паноҳгоҳ, ҷойи устувор («Муъин», «Фарҳехта», «Дурҷ»);
3. ҳомӣ, нигоҳдор («Муъин»); нигоҳбон («Фарҳехта», «Дурҷ»);
4. саодат («Фарҳехта», «Дурҷ»).
ПАРВИН پروین 1. номи чанд ситорае, ки дар як ҷо ҷамъ шудааст ва ба бурҷи Савр дохил мешавад; Сурайё («ФЗТ»); сурати фалакӣ, ки болои шохи сурати фалакии гов қарор дорад («Муъин», «Фарҳехта», «Дурҷ»);
2. киноя аз ашк, оби дида («ФЗТ»);
3. киноя аз дандон («ФЗТ»);
4. маҷ. дурахшон;
5. номи манзиле аз манозили қамар («Муъин», «Фарҳехта», «Дурҷ»);
6. Парвини Эътисомӣ аз шоирони барҷастаи Эрон дар миёни занҳо буд.
ПАРВОНА پروانه ном барои духтарон аст; маънии он дар луғат: 1. ҳукм, амр, фармон, фармони подшоҳон («ФЗТ»); ҳукмнома («Фарҳехта», «Дурҷ»); далел, раҳбар («ФНЭ»);
2. иҷозат, рухсат;
3. ҳашарае, ки дар шаб гирди чароғ, шамъ ва ғ. мегардад ва худро ба онҳо мезанад; парвонаи чароғ («ФЗТ»); чароғвора бошад ва ӯ парандае бувад, ки худро ба чароғ ё бар шамъ занад ва бисӯзад («Туҳфат-ул-аҳбоб»);
4. ҳашараест, дорои болҳои хушранг, ки рӯйи гулҳо ва гиёҳҳо менишинад ва шираи онҳоро мемакад ва онро шоҳпарак ва парвонаи рӯз ҳам мегӯянд («Амид»);
5. мураккаб аз парв, ки ба маънии ситора аст ва маҷозан маънии нури чароғ ва шамъ ва лафзи она, ки калимаи нисбат аст («Fиёс»); маҷ. ба маънии нури чароғу шамъ («Баҳори Аҷам»);
6. маҷ. муштоқ, иштиёқманд, ҳавасманд («ФЗТ»).
ПАРИВАШ پریوش аз асмои духтарон аст; маънии он дар луғот: парирӯй, фариштарӯй («ФНЭ»);
ПАРИВОР پریوار номи духтарона; паримонанд, чун парӣ: маҷ. зебо, хубрӯй («ФЗТ»); париосо, монанди пари зебо.
ПАРИДУХТ پری دخت 1. паридухтар, паризод; зебо, хушрӯй («ФЗТ»); паризода, духтари зебо чун парӣ;
2. номи духтари подшоҳи Чин – модари Зол – падари Рустам – зани Соми Наримон («ФНЭ»);
ПАРИЗОД پریزاد ном барои занон; 1. фарзанди парӣ, зодаи парӣ («ФНЭ»); насли парӣ, паринажод; бисёр зебо, хушрӯй (сифати маҳбуба, «ФЗТ», «Деҳхудо»); бачаи бисёр зебо («Амид»);
ПАРИЗОДА پریزاده аз асмои занон; 1. фарзанди парӣ; фарзанди зани хубрӯй;
2. бачаи бисёр хубрӯй, кӯдаки хушсимо.
ПАРИНОЗ پریناز духтаре, ки чун парӣ ноз мекунад, дорандаи нози зебо.