– И –
ИБОДАТ а. عبادت парастиши Худо; иҷрои вазифаҳои фарзшудаи (ҳатмии) динӣ («ФЗТ»); бандагӣ кардан ва парастидани Худо («Муъин»); бандагӣ, ниёиш кардан («Вожаҳои сара»); тоат ва ниҳояти таъзим барои Худои мутаол («Ақраб-ул-маворид», «Деҳхудо»).
ИЗЗАТ а. عزت бузургӣ, арҷмандӣ; азиз будан, соҳиби эҳтиром будан («ФЗТ»); арҷманд шудан, гиромӣ гаштан, сарафрозӣ («ФНЭ»); арзиш доштан, арҷ, обрӯ, сазоворӣ («Вожаҳои сара»); сарбаланд шудан («Муъин»); азизӣ («Фарҳехта»); азамату бузургворӣ («Нозим», «Деҳхудо»).
ИҚЛИМО اقلیما резаи зар («ФНЭ»);
2. номи духтари Ҳазрати Одам (а) («ФНЭ»).
ИНОБАТ а. انابت тавба кардан, бозгаштан аз чизе, даст кашидан аз гуноҳ;
ИНОЯТ а عنایت дастгирӣ, ёрӣ; лутфу марҳамат, меҳрубонӣ, илтифот, таваҷҷӯҳ («ФЗТ»);
ИРОДА//ИРОДАТ а. ارادت||اراده 1. майлу хоҳиш, ихтиёр («ФЗТ»); хост («Муъин»); хостан, қасд, оҳанг («Фарҳехта»);
2. ихлос, сидқ, дилбастагӣ, дӯстӣ, дӯстии бериё, эътиқод («ФЗТ»).
ИЗОФА - اضافھ афзудан, афзоиш, афзунӣ
ИҚЛИМА - اقلیمھ авзои табиат, кишвар, мамлакат
ИЛМИЯ - علمیھ маърифат, дониш, илм
ИМОМА - امامھ раҳбар, пешво, раис
ИШҚИЯ - عشقیھ маҳбуба, маъшуқа