– Д –
ДАСТАГУЛ دسته گل гулдаста.
ДИЛАНГЕЗ دل انگیز 1. пурдил, ҷасур, диловар («ФЗТ»); шуҷоъ («Фарҳехта»);
2. гуворо («ФНЭ»); дилангезанда, ангезандаи дил, диловез, гиро, дилфиреб, гуворо, марғуб, матлуб («Деҳхудо»); он кӣ ва ё он чӣ дилро барангезад ва ба ҳаяҷон оварад («Фарҳехта»).
ДИЛАФРӮЗ دل افروز 1. дилкушо, фараҳбахш («ФЗТ»); афрӯзандаи дил, дилфурӯз, дилшодкунанда, хуррамибахш («Деҳхудо»); равшанкунандаи дил, шодиовар, он ки сабаби шодию шодмонӣ шавад, мӯҷиби фараҳи хотир.
2. маҷ. маҳбуба, маъшуқа («ФЗТ»); киноя аз маъшуқ ва маҳбуб («Деҳхудо»);
3. ситора, ахтар («Деҳхудо»);
4. зеборӯй, мояи равшании дил («Деҳхудо»).
ДИЛБАР دلبر 1. дилкаш, дилфиреб; касе, ки бо ҳусни худ дигареро дилбохтаи худ мекунад, барандаи дил; хушрӯ, раъно («ФЗТ»); он ки дил мерабояд («Фарҳехта», «Нозим»); дилрабо, он ки дилҳои ушшоқ ба ҳусну карашма барад («Деҳхудо»);
2. маҷ. маҳбуба, ёр («ФЗТ»); маъшуқ, маҳбуб («Дурҷ», «Фарҳехта», «Муъин»); аз асмои маъшуқ аст («Онандроҷ»); зани нозанину нигор («Нозим», «Деҳхудо»).
ДИЛБАСТА دلبسته ошиқ, гирифтори банди ишқ («ФЗТ»); дилбохта, гирифтор («ФНЭ»); шайдо («Муъин»); дилдода («Деҳхудо»).
ДИЛДОДА دلداده 1. ошиқ, шефтаву шайдо («ФЗТ»); дилбаста, дилбохта («Фарҳехта», «Дурҷ», «Муъин»); фирефта («Деҳхудо»);
2. алоқаманд, роғиб, моил («Дурҷ»).
ДИЛДОР دلدار 1. маъшуқа, маҳбуба («ФЗТ»); маҳбуб, маъшуқ («ФНЭ», Муъин», «Фарҳехта», «Муҳаззаб-ул-асмо»); аз асмои маъшуқ (аз «Онандроҷ», «Деҳхудо»).
2. раҳмдил; ғамхор, дилбараҳм, дилсӯз («ФЗТ»);
3. бебок («ФНЭ»); далер, диловар («Муъин»); шуҷоъ, боҷуръат («Фарҳехта»).
ДИЛКАШ دلکش 1. дилписанд, марғуб, хуб, хушоянд («ФЗТ»); дилпазир («Муъин», «ФНЭ», «Дурҷ»); дилрабо («Фарҳехта»); рабоянда ва кашандаи дил ба сабаби зебоию дилфиребӣ ва хушию кашӣ ва ҷуз он, сифати зебову некӯ ва кашу фиребо, марғубу матбӯъ («Онандроҷ»); ҷаззоб, матлуб, маҳбуб, писандида («Нозим», «Деҳхудо»);
2. он ки дилҳои ошиқ ба сӯяш моил шавад («Шарафнома»); маъшуқ («Нозим», «Деҳхудо»);
3. номи оҳанге аз оҳангҳои мусиқӣ («Деҳхудо»).
ДИЛКУШО دلکشا фараҳбахш, рӯҳафзо, дилкаш («ФЗТ»); он чи мӯҷиби шодии дил шавад («ФНЭ»).
ДИЛНАВОЗ دلنواز 1. лутфкор, марҳаматпеша, навозишкор; дилором («ФЗТ»); мушфиқ, меҳрубон, тасаллидиҳанда («ФНЭ»);
2. марғуб, хушоянд, дилписанд («ФЗТ»);
3. маъшуқ, маъшуқа, маҳбуб, дилором, дилҷӯ («Деҳхудо», «Дурҷ»).
ДИЛНИШИН دلنشین дилчасп, дилписанд, писандида, мақбул («ФЗТ»);