Телефони хона ҷиринг-ҷиринг садо мебаровард. Мижгона "шавҳарам гӯширо мебардорад" гуфта, баҳузур аз пайи рӯбучини ҳавлӣ буд. Телефон хомӯш шуд, вале лаҳзае нагузашта боз садои ҷирингосӣ баромад.
- Тинҷӣ бошад?,- худ ба худ андешид келинчак.- Кӣ он қадар занг мезада бошад? Меҳровар дар хонаанду гӯширо набардоштанд. Хайр худам бинам чӣ,- гӯён, ҷорӯбро як тараф гузошта, тозон телефонро гирифт.
- Ало... Ассалому алайкум!
- Воалейкум бар салом! Келин, хуб ҳастед?
- Раҳмат акаҷон. Шумо хуб, апаам хубанд? Фарзандон, аҳли оила чӣ ҳол доранд?
- Шукр, раҳмат. Келин, Меҳровар дар хона аст?
- Бале дар хона буданд.
- Аҳволаш хуб?
- Не, он қадар хуб нестанд. Баъди он ки ҳамроҳи шумо аз беморхона баргаштанд, ким-чихел пакар барин. Борҳо пурсидам, ки духтур чӣ гуфт, чизе нагуфтанд. Мана чор рӯз мешавад, ки дар хона нишастаанд. Акаҷон, духтур чӣ гуфт, ки ин қадар авзои додаратон дигар шуд? Ягон бемории бад нест охир?
- Не келин, ҳамааш хуб. Боз ҳар дафъа барин маст нест охир?
- Не-не, чор рӯз мешавад, ки умуман шароб нанӯшидаанд. Баръакс ҳамон ду шишае, ки буд, ба замин рехтанду шикастанду гиристанд.
- Аз ин маълум мешавад, ки таъсир кардааст!
- Чӣ таъсир кардааст?,- ҳайрон шуда пурсид Мижгона.
- Ҳеҷ чиз не, келин. Дирӯз як дӯстамро дида будам, гуфт ки додарат бо сари хам бо ҳазор фикру хаёл банд равон буд. Барои ҳамин аз шумо пурсидам, ки нағз бошад?
- Ҳолашон хуб, лекин ҳамоно хомӯш, аз даҳонашон як гап намебарояд.
- Ҳ-аааа. Ҳозир шумо дар куҷо?
- Дар хона, акаҷон.
- Меҳровар ҳам дар хона?
- Бале.
- Агар бемалол бошад, фарёд кунед. Ба ӯ гӯед, ки акаатон ба шумо як сирро мегуфтааст. Гӯширо гузошта меистам. Ман занги вайро мунтазир.
- Хуб-хуб, акаҷон. Ҳатман ҳозир рафта мегӯям.
- Саломат бошед!
- Шумо ҳам ака! Апаамро гирифта ба хонаамон меҳмонӣ оед!
- Албатта, ҳатман меравем.
Мижгона гӯширо гузошту назди шавҳараш рафт. Меҳровар дар компютер машғули навиштани матне буд. Вай Мижгонаро дида, даррав роёнаро маҳкам кард.
- Дадеш, акаатон шуморо мепурсанд.
- Барои чӣ?
- Намедонам. Гуфтанд, ки ба шумо як сирро мегуфтаанд.
- Кадом сирро?
- Шояд дар беморхона ягон воқеа рух дода бошад!?
- Ҳа. Эҳтимол. Гӯширо ба ман деҳ, дар берун гап мезанаму меоям,- гуфту Умеду аз хона бадар рафт.
- Кадом сирро мегуфта бошанд?,- меандешид худ ба худ.- Ё рӯзҳои зиндагониям камтар мондаанду ба марг тайёрӣ бин мегуфта бошад,- гӯён ғамгинтар мешуд.
Мижгона компютерро, ки нимпӯш буд, як тараф монам гуфта гирифт.
- Шавҳараму акааш аз ман чиро пинҳон карданӣ? Ё бемори вазнинанду аз мо ниҳон мекунанд? Биё, роёнаро мекушоям, чӣ сирре дар он ниҳон аст,- Мижгона компютерро кушод. Дар равзана мактуби нотамоме навишта шуда буд.
(Давом дорад)
АРДАШЕР