Чанд шаб боз нома хоб мебинам. Гоҳе дар хобам ба касе мактуб менависам, гоҳи дигар аз касе мактуб мегирам ё нома мехонам. Ҳайронам, ки чаро чунин хобҳои ба ҳамдигар монанд медида бошам. Мехоҳам донам, ки нома дар хоб чӣ таъбир дорад?
Саёҳат, н. Шаҳринав
Аслан нома дар хоб пайғом аст. Пайғом аз сар задани ягон ҳоисаи нав дар ҳаёти шахси хобдида. Духтари ҷавони муҷаррад хоб бинад, ки нома гирифтааст, дар асл касе ба ӯ кӯмаки пулию молӣ пешниҳод менамояд, аммо марди оиладор хоб бинад, ки шахси ношиносе ба ӯ нома равон кардааст, бояд эҳтиёт бошад, зеро чунин хоб ба хиёнату бевафоии зане, ки марди хобдида сахт дӯсташ медорад, ишорат карда метавонад. Нома дар хоби марди муҷаррад аз издивоҷи бебарор бо зан ё духтаре, ки аслан барояш писанд нест, дарак медиҳад.
Хоб бинед, ки шахси ношиносе ба шумо номаи бе унвон (анонимка) навиштааст, эҳтиёт бошед, зеро ин хоб нишонаи он аст, ки душманони ноаёнатон дар сари роҳи шумо чоҳ кофта истодаандва мехоҳанд ба шумо зарба зананд.
Кас хоб бинад, ки худаш ба касе чунин номаи беунвон навишта истодааст, дар ҳаёташ рақиби пурқкуввате пайдо мешавад.
Хоб бинед, ки аз касе нома гирифтед ва баъди хонданаш табъатон якбора хира гашт, ягон хабари нохуш мешунавед, дар ҳаётатон баъзе мушкилиҳо сар мезананд ё бемор мешавед.
Аммо дар хоб аз мутолиаи нома шод гаштан аз ҳодисаи хурсандиоваре дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад, ки баъди амалӣ гаштанаш худоро шукрона хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки таъбири хоб ба ранги қаламе, ки мактуб бо он навишта шудааст, алоқамандӣ дошта метавонад. Номаи бо ранги кабуд навишташуда нишонаи хушбахтӣ ва ишқу муҳаббат буда, номаи бо ранги сурх навишташуда аз бевафоӣ, хиёнат, рашк ва ҷудоӣ дарак медиҳад.
Пинҳон кардан ё даррондани нома дар хоб нишонаи он аст, ки шахси наздикатон чизеро аз шумо пинҳон карда истодааст.