Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҳудуди 95 фоизи корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳ ба анҷом расида, иншоот то охири моҳи июл ба истифода дода мешавад.
Бунёди зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» дар таҳкими инфрасохтори энергетикии вилоят аҳамияти хоса дошта, ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, устувории таъминоти нерӯи барқ ва коҳиши талафот дар минтақа мусоидат менамояд.