Бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварамон ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва созмонҳои байналмилаӣ тақвият дода шуда, дар нимсолаи аввали соли равон 17 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 389,9 млн доллар ба имзо расонида шудааст.
Дар ин бора имрӯз, 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати молия хабар дода, гуфтанд, ки ин маблағҳо ба татбиқи амалии 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ масраф мешаванд.
Зикр карда шуд, ки санаи 2-юми июли соли равон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ созишномаҳои грантӣ ба маблағи умумии 495,5 млн доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд. Аз маблағи мазкур 300 млн доллараш барои ба анҷом расонидани марҳилаи дуюми сохтмони НБО “Роғун” равона гардида, 100 млн доллар ба татбиқи лоиҳаи дуюми “Тоҷикистони рақобатпазир ва фарогир” ва 75 млн ба маблағгузории лоиҳаи дуюми “Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон” равона мегардад. Ҳамзамон маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 25 млн доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи “Сармоягузорӣ ба соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст, ки дар ҳаммаблағгузорӣ бо Иттиҳоди Аврупо анҷом дода мешавад.