Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2026
1275

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳсосоти шумо қавӣ мешаванд, бинобар ин аз изҳори меҳру муҳаббат наҳаросед. Суханони ширин ва рафтори самимӣ фазои гарму дӯстона эҷод мекунанд. Барои оромии рӯҳ баъзан аз ташвишҳои хонаводагӣ каме дур шуда, танҳо мондан низ фоида дорад. Дар ҷойи кор ба санҷишҳо омода бошед ва ҳуҷҷатҳоро ба тартиб дароред. Хабари хуш аз як дӯсти дерина метавонад ба шумо фоидаи молӣ орад. Варзиш ва ҳаракати бештар изтиробро кам мекунад.

Савр (21 апрел-21 май)

Вақти он расидааст, ки гузаштаро пушти сар гузошта, барои ояндаи беҳтар қадам гузоред. Муносибатҳои нав метавонанд аз муносибатҳои пешина муваффақтар бошанд. Агар дар интихоби дуруст дудила шавед, аз шахси наздик маслиҳат пурсед. Дар кор ҳимояи мавқеи худ метавонад боиси нофаҳмӣ гардад, бинобар ин боэҳтиёт амал кунед. Вазъи молиявӣ ба зудӣ беҳтар мешавад. Субҳона фаромӯш нашавад ва бо гулҳои ороишӣ фазои хонаро дилнишинтар гардонед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Ситораҳо аз як вохӯрии ошиқонаи ғайричашмдошт дарак медиҳанд. Имрӯз ба наздикон бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунед ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро дастгирӣ намоед. Кӯшишу ташаббуси шумо дар кор аз ҷониби роҳбар ё шарикон қадр мешавад. Вақти холиро барои корҳои созанда сарф кунед. Агар хоҳед, метавонед худро бо хариди деринтизор шод гардонед. Аз истеъмоли хӯрокҳои серравған худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз беҳтараш пеш аз оғози муносибатҳои нав масъалаҳои муносибатҳои кунуниро ҳал намоед. Субҳ худро ҳушёр кардан бароятон душвор мешавад, бинобар ин эҳтиёткор бошед. Ҷиддият ва меҳнатдӯстии шумо барои расидан ба муваффақият замина мегузорад. Харидҳои калонро ба рӯзи дигар гузаронед, зеро эҳтимоли харидани моли бесифат зиёд аст. Барои оромии рӯҳӣ каме истироҳат кунед ва сабаби асабонияти худро пайдо намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Аз имкониятҳои аздастрафта пушаймон нашавед. Ба дили худ гӯш диҳед ва аз иштибоҳ кардан натарсед. Имрӯз бо атрофиён, ҳатто бо одамони якрав, ба осонӣ забон меёбед. Аз ин фурсат истифода бурда, масъалаҳои баҳсталабро ҳал кунед. Барои бастани шартномаҳои нав ё иштирок дар лоиҳаҳои муштарак рӯзи мувофиқ нест. Дар масъалаҳои пулӣ низ таваккал накунед. Варзиши саҳаргоҳӣ ва ғизои муътадил ба саломатӣ манфиат меорад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз ҳисси ботинии шумо роҳнамои беҳтарин хоҳад шуд. Агар хоҳиши мулоқот ё иҷрои кори муайянеро надошта бошед, худро маҷбур насозед. Ханда ва рӯҳияи болида муносибатҳои хонаводагиро беҳтар мекунад. Дар кор ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии васеъ обрӯи шуморо боло мебарад, аммо аз ҳад зиёд худро хаста насозед. Вазъи молиявӣ ба зудӣ беҳтар мешавад. Ба фаъолияти ҷисмонӣ низ вақти бештар ҷудо кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Саволҳои шахси дӯстдоштаатон метавонанд шуморо ба андеша водоранд. Аз суҳбати самимӣ наҳаросед, зеро он муносибатҳоро мустаҳкам мекунад. Дар оила оромиву субот ҳукмфармо хоҳад буд. Дар кор вазифаҳои душвор пеш меоянд, вале шумо аз уҳдаи онҳо мебароед. Имрӯз имконияти беҳтар шудани даромад ва ҳамкории судманд бо мутахассисони нав пайдо мешавад. Барои нигоҳ доштани нерӯ ҳар саҳар машқҳои ҷисмонӣ анҷом диҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз шахси дӯстдоштаатон ба шумо таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Кӯшиш кунед ӯро низ хушҳол созед. Рӯз барои корҳои хона, таъмир ё хариди ашёи зарурӣ мусоид аст. Роҳбар метавонад иҷрои вазифаи муҳимро ба шумо бовар кунад. Бо андешаи нав ва таҳлили дуруст ба натиҷаи хуб мерасед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, зеро мумкин аст даромади интизорӣ дертар дастрас шавад. Машқҳои нафаскашӣ ба беҳтар шудани саломатӣ мусоидат мекунанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз имконият доред дили шахсеро, ки ба ӯ меҳр доред, ба даст оред. Агар дар хона баъзе масъалаҳо шуморо нороҳат кунанд, худро бо машғулияти дӯстдоштаатон саргарм намоед. Барои оғози корҳои нав ё гирифтани уҳдадориҳои иловагӣ рӯзи чандон мувофиқ нест. Суҳбати муҳим бо шахси таъсиргузор дар пеш аст. Бо эҳтиром, вале устувор мавқеи худро ҳимоя кунед. Агар имкон бошад, каме истироҳат кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз худро бо дигарон муқоиса накунед ва ба ҳасад роҳ надиҳед. Як сухани ноҷо метавонад муносибатҳоро вайрон созад, бинобар ин боэҳтиёт ҳарф занед. Рӯз барои тарҳрезии нақшаҳои оянда ва пайдо кардани шиносҳои нав, ки баъдтар ба пешрафти корӣ мусоидат мекунанд, хеле мувофиқ аст. Дар хароҷот сарфакор бошед, зеро мумкин аст ба зудӣ ба маблағи калон ниёз пайдо кунед. Дар ғизо низ меъёрро риоя намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Якравӣ метавонад ба муносибатҳои ошиқонаи шумо таъсири манфӣ расонад. Ба шахси дӯстдошта бештар гузашт кунед. Корҳои қаблан ба таъхиргузоштаро ҳарчи зудтар анҷом диҳед. Имрӯз барои амалӣ кардани нақшаҳо вақти муносиб аст, аз ин рӯ фурсатро аз даст надиҳед. Эҳтимол барои дастгирии молиявӣ ба шахсе муроҷиат кунед, ки пештар бо ӯ муносибати хуб надоштед, вале ӯ омодаи кумак мешавад. Сайругашт дар табиат нерӯи шуморо барқарор мекунад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз дар назди шахси бароятон ҷолиб каме шармгин шуданатон мумкин аст. Барои баланд бардоштани эътимод ба худ, рӯйи рушди шахсӣ бештар кор кунед. Шумо аз уҳдаи ҳама мушкилот мебароед, бинобар ин вақтро беҳуда сарф накунед. Рӯз барои суҳбати ором, бахшиш ва оштӣ хеле муносиб аст. Дар масъалаҳои молиявӣ ва соҳибкорӣ имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Тағйиротро бо рӯйи кушод қабул намоед ва аз онҳо баҳра бардоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД