Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз бахтатон дар ҷодаи муҳаббат механдад. Агар ба наздикӣ бо нафаре шинос шуда бошед, эҳтимол ӯ нисбат ба шумо ҳиссиёти ҷиддӣ дорад. Ҳангоми суҳбат бо наздикон эҳтиёткор бошед ва аз танқиди беҳуда худдорӣ кунед, то нофаҳмӣ пеш наояд. Дар кор эҳтимоли гирифтани вазифаи нав вуҷуд дорад, вале пеш аз қабули пешниҳод ҳама ҷонибҳоро хуб баррасӣ кунед. Ба саломатӣ бештар аҳамият дода, барои истироҳат вақт ҷудо намоед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз танҳо ба кору пулёбӣ машғул нашавед, барои муҳаббат ва истироҳат низ вақт ёбед. Ашёи кӯҳнаву нолозими хонаро партоед, то фазои хона тоза ва бароҳат гардад. Аз иҷрои корҳои душвор натарсед, зеро аз уҳдаи онҳо мебароед. Бо роҳбар ё ҳамкорон баҳс накунед ва эҳсосоти худро идора кунед. Эҳтимол бемории кӯҳна худро ёдрас кунад, бинобар ин ба саломатӣ диққати ҷиддӣ диҳед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз бо суханони гарм ё туҳфаи хурд шахси дӯстдоштаатонро шод кунед. Барои худ низ чизе бихаред, ки рӯҳияатонро болида гардонад. Дар кор шитоб накунед, як хатои хурд метавонад нақшаҳоятонро ба таъхир андозад. Имрӯз беҳтараш корҳои анҷомдодаатонро таҳлил кунед ва барои қадамҳои баъдӣ нақша кашед. Агар худро хаста ҳис кунед, асабониятро ба дигарон нишон надиҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз шахси дӯстдошта нисбат ба шумо меҳрубонии бештар зоҳир мекунад. Агар муносибататон ҷиддӣ бошад, метавонед дар бораи ояндаи муштарак андеша кунед. Дар ҷойи кор аз ҳад зиёд фаъол набошед, то бо ҳамкорон нофаҳмӣ ба миён наояд. Аз хароҷоти калон ва қарорҳои муҳими молиявӣ худдорӣ кунед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ аз корҳои хатарнок ва машқҳои вазнин дурӣ ҷӯед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз мумкин аст бо атрофиён нофаҳмӣ пайдо шавад, вале оромиро нигоҳ доред. Агар муҷаррад бошед, ҳангоми сафар ё берун аз хона бо шахси ҷолиб шинос шуданатон мумкин аст. Мушкилоти рӯзгор зуд ҳал мешаванд. Барои бастани шартнома ва анҷом додани корҳои муҳими корӣ рӯзи муносиб аст. Аз пурхӯрӣ парҳез кунед, то меъдаву рӯдаатон осеб набинад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз барои муҳаббат, эҷодкорӣ ва оғози корҳои нав рӯзи хеле мусоид аст. Шиносоии нав метавонад ба дӯстии устувор ё муносибати ҷиддӣ табдил ёбад. Ба ҳисси ботинии худ эътимод намуда, масъулиятҳои худро ба дигарон вогузор насозед. Бегоҳ эҳтимоли гирифтани маблағи иловагӣ вуҷуд дорад. Барои ҳифзи саломатӣ аз нӯшокиҳои спиртӣ ва ғизои вазнин худдорӣ кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз вақти хубест, ки ба намуди зоҳирӣ ва саломатии худ бештар аҳамият диҳед. Дар корҳои муҳим танҳо ба қувваи худ такя кунед. Барои пайдо кардани дӯстону шиносҳои нав рӯзи чандон мувофиқ нест. Агар бо кори эҷодӣ машғул бошед, натиҷаи хуб ба даст меоред. Имрӯз даромади хуб низ имконпазир аст, аммо аз хариди нолозим худдорӣ кунед ва худро аз ҳад зиёд хаста насозед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар ҳоло танҳо бошед, имрӯз вохӯрии нав метавонад назари шуморо ба муҳаббат дигар кунад. Бо хешовандон баҳс накунед, зеро он танҳо рӯҳияатонро вайрон мекунад. Барои амалӣ кардани нақшаҳои кӯҳна ва оғози корҳои нав рӯзи муносиб аст. Соҳибкорон беҳтараш аз муомилаҳои хавфнок худдорӣ намоянд. Ҳангоми машқҳои варзишӣ эҳтиёткор бошед, то ҷароҳат набардоред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз эҳтимол дорад дар зиндагии шумо муносибати нави ошиқона оғоз шавад. Шиносоии тасодуфӣ метавонад назаратонро ба зиндагӣ дигар кунад. Муошират бо наздикон ба шумо рӯҳияи хуб мебахшад. Барои хариди техника ё ашёи рӯзгор хароҷоти ғайричашмдошт пеш меояд. Аз ҳад зиёд кор накунед ва агар худро хаста ҳис кунед, ҳатман истироҳат намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз бештар бо шахси дӯстдошта ва аҳли оила вақт гузаронед. Қисми зиёди рӯз бо корҳои хона мегузарад, вале бегоҳ имкони истироҳат пайдо мекунед. Дар кор баъзе мушкилиҳо пеш меоянд, аммо бо ақлу таҷриба онҳоро ҳал мекунед. Ба зудӣ вазъи молиявии шумо беҳтар мешавад. Имрӯз ба ғизои солим диққати махсус диҳед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз барои муҳаббат ва муносибатҳои ошиқона рӯзи бисёр хуб аст. Ба фарзандон ё аъзои хурдсоли оила бештар вақт ҷудо кунед. Истеъдоди эҷодии худро озодона истифода баред, зеро он метавонад ба шумо муваффақият орад. Барои соҳибкорон имкониятҳои нави рушд пайдо мешаванд. Ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошед, то ба худ осеб нарасонед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз имкони шиносоии ошиқонаи нав хеле зиёд аст. Мушкили хурди хона метавонад нақшаҳоятонро тағйир диҳад, бинобар ин асбобҳои барқӣ ва қубурҳоро тафтиш кунед. Эҳтимол сафари ғайричашмдошт ё сафарӣ хизматӣ пеш ояд, ки бо шиносоиҳои ҷолиб анҷом меёбад. Вазъи молиявӣ хуб мешавад ва аз кори худ фоидаи хуб мебинед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ бештар ҳаракат кунед.