Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ИЮЛИ СОЛИ 2026
1486

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз шумо эҳсос мекунед, ки атрофиён нисбат ба шумо меҳру муҳаббати зиёд доранд. Ба шахси дӯстдоштаатон низ таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир кунед ва камбудиҳои ӯро ҷустуҷӯ накунед. Дар касбу кор одамони ҳамфикр пайдо мешаванд, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳим кумак мерасонанд. Имкони харидани ашёи босифат бо нархи арзон низ пеш меояд. Ба суханони нохуши дигарон аҳамият надода, рӯҳияи хуби худро нигоҳ доред.

Савр (21 апрел-20 май)

Агар муносибати ошиқонаи шумо нав оғоз шуда бошад, чанд рӯзи наздик сабру таҳаммулро пеша кунед, то аз баҳсҳои беҳуда дур монед. Ба дахолати калонсолон ба зиндагии шахсӣ бо оромӣ муносибат намоед. Дар фаъолияти эҷодӣ муваффақият ва эътироф насибатон мешавад. Барои хариди хона, замин ё мошин рӯзи мусоид аст. Эътимоди шумо ба худ меафзояд ва метавонед бо шахсе, ки дер боз мехостед, озодона суҳбат оғоз кунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз эҳтимоли нофаҳмӣ бо шахси наздик вуҷуд дорад, бинобар ин кӯшиш кунед баҳсҳоро кам намоед. Аз наздикон талаботе накунед, ки худ иҷро карда наметавонед. Барои оғози гуфтушунидҳои ҷиддӣ ё тарҳрезии нақшаҳои дарозмуддат вақти мувофиқ нест. Аз пешниҳодҳои шубҳанок ва одамони ношинос эҳтиёт шавед. Шомгоҳ сайругашт ё машқи ҷисмонӣ асабҳоро ором карда, нерӯи шуморо зиёд мекунад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли сардӣ ва нофаҳмиҳо вуҷуд дорад. Барои нигоҳ доштани муҳаббат вақти бештарро бо ҳамдигар гузаронед. Дар ҷои кор баъзе ҳамкорон метавонанд монеа эҷод кунанд, аммо сабр кунед. Ба зудӣ манбаи нави даромад пайдо мешавад, ки вазъи молиявии шуморо беҳтар месозад. Ба ғизо диққат диҳед, аз пурхӯрӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз дар муносибатҳои шахсӣ вазъияти нохуше метавонад рӯҳияи шуморо паст кунад. Бо оромӣ масъалаҳоро муҳокима намуда, роҳи ҳалро пайдо кунед. Ба падару модар ва хешовандони калонсол бештар таваҷҷуҳ диҳед, зеро аз онҳо дастгирии маънавӣ мегиред. Барои корҳои эҷодӣ рӯзи хуб аст. Имкони вохӯрии ногаҳонӣ бо дӯсти дерина ё гирифтани тахфифи хуб низ вуҷуд дорад. Ба саломатии дандонҳо аҳамият диҳед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Нимаи рӯз бо шахсе вохӯрданатон мумкин аст, ки дар оянда дар зиндагии шумо нақши муҳим мебозад. Барои суҳбати ҷиддӣ бо ҳамсар ё дӯстдошта омода бошед. Дар муносибат бо дӯстону шарикон бахтатон механдад ва барои соҳибкорон низ рӯзи бобарор аст. Корҳои муҳимро оғоз кардан мумкин, вале қарорҳои ниҳоиро ҳоло қабул накунед. Барои раҳоӣ аз хастагӣ кӯшиш кунед реҷаи ҳамешагиро каме тағйир диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар масъалаҳои муҳаббат бахти калон насибатон мешавад. Агар имкони муносибати нав пайдо гардад, онро аз даст надиҳед. Барои таъмири хона ё корҳои бузурги сохтмонӣ вақти муносиб нест. Бо роҳбар баҳс накунед, зеро натиҷаи дилхоҳ намегиред. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Сайругашт, давидан ва машқҳои сабуки ҷисмонӣ ба саломатӣ ва рӯҳияи шумо фоидаи зиёд меоранд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар зиндагии шахсии шумо ором бошад, имрӯз мехоҳед барои хушбахтии дӯст ё хешовандон низ саҳм гузоред. Ба наздикон бештар гӯш диҳед ва меҳрубонӣ нишон диҳед. Дар кор заҳмати шумо қадр мешавад ва роҳбарият ба дастовардҳоятон аҳамият медиҳад. Шояд хоҳиши харидани чизи нав пайдо шавад. Аз мушкилиҳои хурд асабонӣ нашавед, зеро оромӣ имрӯз беҳтарин роҳи ҳалли мушкилот аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои баъзе духтарони ин мучал ошноии кӯтоҳмуддати ошиқона имкон дорад. Рӯз барои вохӯрӣ бо дӯстон ва мустаҳкам кардани муносибатҳо хеле мусоид аст. Ба шахси дӯстдоштаатон меҳру ғамхорӣ бештар зоҳир кунед. Дар кор барои амалӣ намудани нақшаҳои худ имконият пайдо мекунед ва заҳмататон ба зудӣ самар медиҳад. Аз харидҳои эҳсосӣ худдорӣ карда, ба ғизои солим ва варзиш диққат диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ба наздикӣ вохӯрие дар сафар ё дур аз хона метавонад сарнавишти шуморо дигар кунад. Барои расидан ба ҳадаф аз исрори беҳуда даст кашед. Имрӯз масъалаҳои касбӣ дар ҷойи аввал меистанд ва роҳбарият метавонад пешниҳоди ҷолиб диҳад. Ҳоло маблағро оқилона сарф кунед ва қарз нагиред. Барои омӯзиши донишҳои нав, беҳтар кардани саломатӣ ва тағйири симо рӯзи муносиб аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз ҳатто байни наздиктарин одамон низ нофаҳмӣ пайдо шуданаш мумкин аст. Агар чунин шавад, ҳарчи зудтар оштӣ кунед. Суҳбати самимӣ муносибатҳоро мустаҳкам месозад. Барои гуфтушунидҳои муҳим ва қабули қарорҳои ҷиддӣ рӯзи муносиб нест. Аз рафтан ба марказҳои савдо низ худдорӣ намоед, зеро эҳтимоли хароҷоти зиёдатӣ вуҷуд дорад. Барои истироҳат, мулоҳиза ва барқарор кардани оромии рӯҳӣ вақт ҷудо кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Агар муносибати шумо бо шахси дӯстдошта муддати дароз хуб набошад, каме танҳо мондан метавонад ба шумо барои қабули қарорҳои дуруст кумак кунад. Ба маслиҳатҳои нодуруст бовар накунед, зеро онҳо метавонанд сабаби хатоҳо гарданд. Дар муҳити шумо шахсе ҳаст, ки пинҳонӣ зидди шумо амал мекунад. Барои соҳибкорон рӯзи пурмасъулият аст. Бо вуҷуди каме хастагӣ, фикрҳои мусбат рӯҳияи шуморо беҳтар месозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД