Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ҳаёти шахсии шумо тағйироти деринтизор рух медиҳад. Шахсеро мебинед, ки метавонад ба сарнавиштатон таъсири ҷиддӣ расонад. Ба аҳли хонадон бештар диққат диҳед ва барои барқарор кардани муносибатҳои кӯҳна қадам гузоред. Дар касбу кор баъзе нақшаҳо бо сабаби омилҳои беруна иҷро намешаванд. Бо роҳбар камтар рӯ ба рӯ шавед ва аз машқҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ кунед, зеро эҳтимоли ҷароҳат бардоштан вуҷуд дорад.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз барои мустаҳкам кардани муносибатҳо ва эҷоди фазои ором дар хона мусоид аст. Ба фикри ҳамсар ё дӯстдошта бо сабр муносибат кунед, то баҳс пеш наояд. Дар бораи ҳадафҳои ояндаатон ҷиддӣ андеша карда, афзалиятҳоро дуруст интихоб намоед. Фикрҳои шумо имрӯз ба муваффақият таъсир мерасонанд. Агар бемории кӯҳна дошта бошед, эҳтимоли каме авҷ гирифтани он вуҷуд дорад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Ҷавзоҳои танҳо метавонанд бо шахси мувофиқ шинос шаванд, агар ба худ бештар бовар кунанд. Ба корҳои хона ва ниёзҳои наздикон аҳамият диҳед. Дар кор роҳбар метавонад беасос эрод гирад, аммо ин ба мавқеи шумо зарар намерасонад. Хароҷот аз даромад бештар мешавад, бинобар ин аз хариди нолозим худдорӣ кунед. Барои истироҳат ва машғулияти дӯстдошта вақт ҷудо намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар муносибати ошиқонаатон сард шуда бошад, худро азоб надиҳед ва вазъиятро раҳо кунед. Шахси дӯстдоштаатон шояд интизориҳои шуморо пурра иҷро накунад, вале ӯро бахшидан беҳтар аст. Дар кор кӯшиш кунед бо роҳбарият созиш пайдо намоед. Имрӯз барои бастани шартномаҳо ва корҳои тиҷоратӣ рӯзи хуб аст. Агар ба дарди буғумҳо ё артрит гирифтор бошед, ба саломатии худ бештар аҳамият диҳед.
Асад (23 июл-23 август)
Ҳангоми қабули қарорҳои муҳим ба эҳсосот не, балки ба ақл такя кунед. Дар байни дӯстони шумо шахсе ҳаст, ки нияти хуб надорад, бинобар ин эҳтиёткор бошед. Бо роҳбар камтар тамос гиред, то ба дӯши шумо вазифаҳои иловагӣ нагузоранд. Дар масъалаҳои молиявӣ ҳафтаи наздик бодиққат амал кунед. Фикрҳои манфиро зиёд дар дил нигоҳ надоред, онҳо танҳо рӯҳияатонро вазнин мекунанд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Истироҳати якҷоя бо дӯстдоштаатон метавонад нофаҳмиҳоро бартараф созад. Аз танқиди тезу тунд худдорӣ намоед. Имрӯз бахт бо шумост ва муносибатҳои хонаводагӣ гармтар мешаванд. Дар касбу кор масъулиятро бо ҷасорат қабул кунед, вале ба дигарон фишор наоред. Эҳтимол барои иштирок дар як лоиҳаи фоидаовар маблағи калон лозим шавад. Ба саломатӣ диққат диҳед, зеро эҳтимоли илтиҳоб ё осеб вуҷуд дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ҳоло вақти изҳори эҳсосоти пинҳонӣ нест. Беҳтараш баъзе суханҳоро барои худ нигоҳ доред, то ба бадхоҳон баҳона надиҳед. Ба одамоне, ки ба онҳо бовар надоред, такя накунед. Ба зудӣ бо кори эҷодие машғул мешавед, ки ба шумо писанд меояд. Истироҳат дар ҳалқаи наздикон рӯҳияатонро беҳтар мекунад. Саломатӣ хуб аст ва машқҳои ҷисмонӣ ба шумо фоида мерасонанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Эҳсосоти худро ошкоро баён кунед ва аз бозии пинҳонӣ дурӣ ҷӯед. Ба зудӣ шахсе пайдо мешавад, ки бо сирру ҷозибаи худ шуморо ҷалб мекунад. Суҳбати самимӣ ба беҳтар фаҳмидани якдигар кӯмак мерасонад. Якбора ба чанд кор даст назанед, вагарна ҳеҷ кадомашро анҷом дода наметавонед. Қарз надиҳед ва қарз нагиред. Барои барқарор кардани қувваи бадан, махсусан системаи ҳозима, рӯзи муносиб аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Шарики шумо имрӯз меҳрубонӣ ва романтикаи ғайриоддӣ нишон медиҳад. Мушкилоти рӯзгор ва кор каме ба қафо мераванд. Дар як вохӯрӣ ё чорабинӣ рафтори касе метавонад фазоро вайрон кунад, бинобар ин худро идора кунед. Реҷаи рӯзро якбора тағйир надиҳед, то хастагӣ пайдо нашавад. Пешниҳоди нави даромади пулӣ метавонад аз ҷои ғайричашмдошт расад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ба яке аз ҳамкорон аз нигоҳи дигар назар мекунед ва шояд фаҳмед, ки андешаҳои шумо ба ҳам монанданд. Рӯзро бо наздикон гузаронед ва аз моҷароҳои нолозим дурӣ ҷӯед. Лоиҳаҳои шумо дастгирии хуб мегиранд ва корҳо пеш мераванд. Агар зеҳну ҳозирҷавобиро истифода баред, имкони пешрафт дар мансаб зиёд аст. Хароҷоти беҳударо кам кунед. Амалиёти тиббӣ ё муолиҷаи деринтизор метавонад бомуваффақият анҷом ёбад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Созиш ва гузашт кардан метавонад баҳси охиронро ором намояд. Бо шахси дӯстдошта фаҳмиши комил осон намешавад, вале сабр натиҷа медиҳад. Дар кор шиносоии нав ё муваффақият интизор аст ва шумо қобилияти эҷодии худро нишон медиҳед. Эҳтимол обрӯятон боло равад ва вазъи молиявӣ беҳтар шавад. Машқҳои сабуки ҷисмонӣ фоида доранд. Вақти зиёд назди экран нашинед, то чашмҳо хаста нашаванд.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз имконият доред эҳсосоти худро ба шахси наздик нишон диҳед. Каме танҳо монда, дар бораи фикрҳои худ андеша кунед. Агар корҳои хона шуморо хаста карда бошанд, аз ҳамсар ё наздикон кӯмак пурсед. Рӯз бо машғулиятҳои хона ва кор пур мешавад, аммо ҳама харидҳои имрӯза бобарор мебароянд. Барои савдо ва шартномаҳои тиҷоратӣ вақти мусоид аст. Фаъол бошед, вале аз кори аз ҳад зиёд худро эҳтиёт кунед.