Sebiston new 2024 october
Нома ба шавҳар
1847
no-img

Дилам бароят месӯзад, ба Худо қасам, сахт месӯзад. Барои шифо ёфтани ман саратро ба сад дар задӣ, қарздор шудӣ, ба хориҷааам бурдӣ, ҳарчанд инро намехостам, зеро ман хобамро дидаам ва маргам қариб аст. Ҳарчанд намегӯӣ, вале медонӣ ту маро бемор кардӣ, хуб медонӣ…

 Аз рӯзҳои аввали хонадоршавиямон ту ба ман рӯи хуш намедодӣ, дӯстам намедоштӣ, рӯирост мегуфтӣ, ки ман каси дигарро дӯст медоштам, аммо падару модараш ӯро ба ман надоданд. Маро ҳавобаланду ояндадор дида тарсиданд, ки духтарашонро хор мекунам. Аммо ту дурӯғ мегуфтӣ, гап дар дигар ҷо буд…

Падари сарватманди ту пиру ранҷур шуда буду дигар он раиси пештара набуд, аз ин рӯ, падари духтари дӯстдоштаат ва чанд нафар духтари дигар хостгорони туро қабул накарданд. Мани сабзинаи безебак хостгор надоштам, аммо туро ки ҳавобаланди ба қавли мардуми деҳа «тентак» будӣ, гирифтан намехостам, лекин падари қадршиноси намакпосдорам хостгорони падари пиру ранҷури туро қабул кард. Чизе оварду наовард, хуб гуфту ману ту ҳамхона шудем.

Аз он ки ту хонаву дар надоштӣ, ман дар деҳа зиндагӣ мекардам, баъд маро ба хобгоҳ овардӣ. Азбаски дар ҳуҷраяки тангу бадбӯи хобгоҳ ҳарду ба зӯр меғунҷидем, писаракамон дар хонаи бибию бобояш зиндагӣ мекард. Баъд соҳиби духтар шудему қарзу фарз карда, як хонаи якҳуҷрагӣ харидем, ман ҳам баробари ту кор мекардам.

Аввалҳо самбӯса пухта, бурда дар бозорҳо мефурӯхтам, баъдҳо аз деҳа меваи хушку алафу қурут оварда мефурӯхтам. Ту аввал дар мактаби миёна муаллим будиву баъд дар як коллеҷ соати дарсӣ гирифтӣ. Зиндагиямон камбағалона набуд, вале серу пур ҳам набудем. Духтарам ба дунё омаду ту маро ба коллеҷи омӯзгорӣ дохил кардӣ ва ман дар боғчаи бачаҳо ба ҳайси мураббия ба кор сар кардам. Маоши ту сарфи либосҳои худат мешуд ва бори асосии зиндагӣ бар дӯши ман буд, чӣ азобҳое, ки накашидам…

Дар гурӯҳе, ки ман тарбиятгарашон будам, чанд нафар кӯдакон аз оилаҳои бадавлат буданд, ки хӯроки боғчаро намехӯрданд. Ман хӯроки онҳоро доим дар зарфе, ки хамроҳам мебурдам, рехта ба хона меовардам. Бо сарфакориҳои ман ва ёрии бародаронам, ки акнун пулдор шуда буданд, якхонагиямонро ба духонагӣ иваз намудем.

Бисёр ҷоҳилу бахил будӣ, бародаронамро, ки ҳамеша барои фарзандонам сару либос мехариданд, дар ғайбашон ҳақорат медодӣ, худамро, падару модарамро, чӣ қадар бадзабон будӣ. Ман туро аз рӯзи аввал дӯст намедоштам, зеро ҳамеша пастам мезадӣ, безебам мегуфтӣ, гӯё худат нозанини дунё будӣ, не.

Ҳамеша таъриф мекардӣ, ки занҳо гапат медиҳанду ким-киҳо ба ту таклифи зани дуюм шуданро карданд, аммо не гуфтӣ. Медонистам дурӯғ мегӯӣ, ман ҳам байни ҷомеа будам ва мушоҳида мекардам, кадом зан ба марди камбағал зани дуюм мешудааст? Занҳои сарватманд ҳам барои худ шавҳари ҷавон кофта, зебову машқдидаву паҳлавон меёфтанд. На мисли ту паканаи сарпачақи манаҳбаромада, ростӣ ба ин гапҳоят аҳмият намедодам.

Кӯдаконамро калон мекардам, зиндагиямро сарфи онҳо менамудам. Ман сӯҳбатҳои телефонии туро бо занони бегона мешунидам, таърифҳои дурӯғатро ҳам, ҳарчанд бароям нохушоянд бошад ҳам, худамро ба даст мегирифтам. Ёд дорӣ, вақте тамоми пулҳои ҷамъкардаамро аз дастам кашида гирифта, боз аз бонк қарз карда, мошинаки шалақе харидӣ, гуфтам, ки “додош, хубтар мешуд хонаамонро кушодтар кунем, кӯдакон калон шудаанд”.

Ту маро он қадар лату куб кардӣ, ки як ҳафта болои ҷогаҳ будам, дарди сар аз ҳамон вақт маро ёр шуд. Дигар пишакатро пишт намегуфтам, писарам донишгоҳро хатм карду бо дониши худаш ба яке аз донишгоҳҳои Маскав дохил шуд. Додарам, ки шаҳрванди Русия аст, ӯро зери сарпарастии худааш гирифт, духтарам бо коллеҷи тиббӣ шомил шуд.

Ту акнун рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, номзади илм шуда будӣ ва бурутатро табар намебурид, аз ман шарм медоштӣ, зеро мани харобаки сип-сиёҳи назарногир гӯё зеби туро надоштам. Маҷбурам мекардӣ, ки рафта мӯятро зард кун, мижгон часпон, абрӯвонатро татуаж намо, ман ба хотири оромии хонавода ин корҳоро кардам, аммо ба як лӯхтаки кӯҳна монанд шудам. Худам аз афтам шарм медоштам, вале илоҷ надоштам…

Ту ҳамеша таънаам мекардӣ, ки ман туро ба шаҳр оварда, одам кардам, сари зарду мижгонҳои ориятиву қошҳои холкӯбӣ кардаи ман ба қавли ту одамгарӣ буданд. Хононданат ҳам ба фоидаи худат буд, зеро бори зиндагии оилавӣ ба гардани ман буд. Ману фарзандонам сарқути кӯдакони мардумро мехӯрдему ту катагӣ мекардӣ, аз худат касе метарошидӣ, ки дар сад сол набудӣ.

Вақте дарди сарам авҷ гирифту маро ба назди духтурам бурдӣ, “дар вақташ зарб хӯрдааст, устухони сар кафида будааст, аз ҳамон сабаб дард мекунад” гуфт духтури пиронсол. Хеле табобат кардем, ҳолам каме беҳтар шуду духтарамро ба шавҳар додем.

Бояд бигӯям, ки духтарам дар характер мисли як себи ду кафон ба ту монанд аст. Ҳавобаланди намешуданӣ, тарбияи ман ба вай асаре накард. Ӯ ба як ронандаи таксӣ, ки аз зани аввалаш ҷудо шуда, даҳ сол аз худаш калон буд, ошиқ шуда, ба вай расид. Ту ошиқии ӯро низ бори ман карда, дилу ҷигарамро хӯрдӣ ва ман боз бемор шудам, дарди шадиди сар ин дафъа тоқатфарсо буд.

Болои ин, духтарам бо хушдоманаш рост нагирифта, бо шиками дамида ба хона баргашт, ту назди хонаводаи домод рафта, зорӣ кардӣ, вале гапат нагузашт. Баъд аламатро аз ману духтарат мегирифтагӣ шудӣ, май нӯшида меомадиву хонаро ба сарат мебардоштӣ, бемории ман хурӯҷ карду духтур ташхиси даҳшатноки омоси бадфиоли мағзи сар гузошт. Якуним сол паи табобати ман чун мурғи пойсӯхта медавидӣ, аммо ман худам хаста шудаам. Аз ту, аз худам, аз зиндагӣ ва мубориза кардан намехоҳам.

Духтур ҳам дирӯз гуфт, ки агар шумо нахоҳед, аз табобатҳои мо фоидае нест. Акнун соатҳо пеши рӯям менишинию тасаллоям медиҳӣ, ҳарфҳои ширин мегӯӣ, аммо афсӯс, бовари маро кайҳо ту куштаӣ!

Хиёнатҳои пайвастаат, ки гумон мекардӣ ман намедонам, лату кӯбат, бадзабоният, паст заданҳоят, таҳқирҳоят маро куштанд, мардак!

Ман рӯзномае дорам, ки ҳамаи ин он ҷо дарҷ ёфтааст, баъди навиштани ин мактуб дафтарамро месӯзам, яъне ҳама розамро бо худ ба гӯр мебарам.

         Мо гузаштему гузаштон чӣ ту бар мо кардӣ,

         Ту бимону дигарон, вой ба ҳоли дигарон…

     

                    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД