Ҳар рӯзи Сабрина ғарқи хаёл ва тарсҳои фишороваранда сипарӣ мешуд…
Тӯй фаро расид. Домод барои бурдани ҳамсари нозанинаш ба хонаи арӯс ворид гардид. На падар ва на моиндар ба ягон кори Сабрина дахолат накарданд. Тамоми корҳо дар хонаи холааш анҷом шуду барои шарманда нашудан бо зораву илтиҷо тӯйро дар хонаи падар гузарониданд. Тӯе, ки бо гиря оғоз шуду бо гиря анҷом пазируфт. Тамоми хешу таборон, ҳамсоягон ва ҳатто меҳмонҳои ҷониби домод, аз гиряҳои пурсӯзу пурандуҳи Сабрина ба гиря омаданд. Аз ҷониби дигар бетаваҷҷуҳию бераҳмии падар ҳамаро дар шубҳа гузошт. Ҳарчанд аз ӯ хоҳиш карданд, ки ақаллан дар ҳамин рӯз хашми худро шинонаду ба духтараш як каф дуо диҳад, вале зани шаттоҳ «агар ин корро кунӣ, ман як рӯз дар хонаат намеистам»-гӯён, монеа эҷод кард.
Акбар паҳлӯи хоҳараш истода, ӯро аз хона берун баровард. Муллои деҳа ба духтар дуои нек дода, бо орзуи хушбахтию анҷоми рӯзҳои сахт, Сабринаро ба хонаи бахт гусел намуд. Акбар хоҳари эркаи ранҷкашидаашро сахт ба оғуш гирифту рухсораҳояшро бӯсида, барояш орзуи хушбахтӣ кард. Нолаҳои чонкоҳу хунини хоҳару бародар ҳеҷ тамомшавӣ надошт, вале ноилоҷ духтаро ба мошин шинониданду гусел карданд. Ҳанӯз мошини домоду арӯс ба роҳ набаромада, падар ҷорӯби калони ҳавлирӯбиро оварда, аз паси духтар ҷорӯб зад. Ин манзара ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Чашмаи ашк аз дидагон берун шуд.
Духтаре, ки ҳаргиз виқори покиро аз чеҳра нагирифту ҷониби падар садо баланд накард, бо андуҳи бузургу кулбори суолҳои «Чаро? Чаро? Чаро….?» аз хонаи падари бераҳму сангдил берун шуд…
Таънаҳои ҷадид
Сабринаи шӯрбахт умед дошт, ки дар хонаи шавҳар осудаи зиндагиро мебинаду бо ғаму андуҳи ниҳодаш худоҳофизӣ мекунад. Вале афсӯс, аз умеду орзу то расидан ба ҳақиқат роҳ чунон дур аст, ки вараму обилаҳои зиёди сӯзандаро дар бадан тавлид месозаду ҳадаф ҳамоно дур боқӣ мемонад. Духтар бо мақсади фаромӯш кардани дарди бемодарӣ ва чашидани шаҳди муҳаббати модар, хушдоманашро «очаҷон» садо мекард. Аммо ин очаи ношукру носипос, ҳаргиз духтаракро ба чашми дилсӯзона нигоҳ накард. Ҳаргиз натавонист, ақаллан сонияе меҳри модариро барояш чашонад. Аз рӯзи нахустини зиндагӣ, бо таънаҳои баду беҷо, ҷони Сабринаи нокомро ба лаб оварданд. Бераҳмии падар ва ҷорӯбзании ӯ аз паси духтар, таънаҳое буд, ки ҳар рӯз Сабрина аз ҷониби хушдоману қайсингилҳо такрор ба такрор мешунид. Анис ҳарчанд хоҳиш мекард, ки аз зулмҳои ноҷову бераҳмона даст кашанд, вале ӯро бо «занкалонӣ» мутаҳҳам карда, пеши даҳонашро мегирифтанд. Дили ҷавон барои ҳамсараш месӯхт. Сабрина мисли худораҳматии модараш чақону тозакор буд. Босабру ботамкин ва ширинзабону беозор буд. Аммо бераҳмии падар дар зиндагии шахсӣ низ ӯро пешпо дод. Сабаби шунидани таънаю маломат гашт. Ҳарчанд шавҳараш ӯро тасаллӣ медод, ки оянда хуб хоҳад шуд, вале қисмати тахл ҳар лаҳзаву ҳар сония бо фишорҳои тозаву ҷадид ашкашро берун мекарду қалбашро хуншор…
Дарди бефарзандӣ
Дарду андуҳи Сабрина дар зиндагӣ кам буд, ки сарнавишт доғи бефарзандиро дар қисматаш навишт. Аз зиндагии онҳо се сол сипарӣ шуду Худованд фарзандеро лоиқ надид. Анис ҳаргиз ҳамсарашро барои бефарзандӣ маломат намекард, зеро медонист, ки ин неъмати Худованд аст ва ҳар гоҳ ки худаш хост, ҳадя мекунад. Вале модари бадзабони ҷавон, ҳар рӯз такроран писарашро ба ҷудо шудан мехонд. Сабрина аз ояндаи худ сахт метарсид. «Агар мабодо Анис аз ман ҷудо шавад, ба куҷо меравам? Дар духтариам дар хонаи падар ҷой надоштаму имрӯз маро аз куҷо роҳ медиҳанд? Дар хонаи холаҳо то чанд зиндагӣ мекунам? Худоё, наход ин қисмати талхи ман ҳеҷ фарҷоми нек надошта бошад? Наход умри ман дар зиндагӣ бо таънаю маломат ва ғусаву дарбадарӣ сипарӣ шавад? Бигзор давоми ҳаёти дӯзахиншабеҳамро дар он дунё бинам»-гӯён, бандеро гирифта, ҷониби оғил шитофт…