Arzon march 2024
Нодирзода муҳоҷиронро аз паёмадҳои терроризм ва иваз кардани ному насаб огоҳ кард
1632

 

Имрӯз, 1-уми май, дар нимаи дуюми рӯз гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Нодирзода Иматшо ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ мераванд, дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе вохӯрии судманд баргузор намуд.

Аъзои гурӯҳ дар боби сафари бехатар ба Федератсияи Россия ва пешгирии гаравишу шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав ибрози назар карданд.

Ба диққати шаҳрвандон расонида шуд, ки имрӯзҳо созмону гурӯҳҳои террористӣ дар байни халқиятҳои гуногун тухми нифоқ мекоранд ва барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз имкониятҳои технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд.

Тавре ки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба таъкид кардаанд, Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошанд, бинобар ин, муҳоҷирони тоҷик бояд эҳтиёт бошанд, то ба доми чунин гурӯҳҳо наафтанд.

Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки Россия кишвари сермиллат буда, садҳо ҳамватанони мо солиёни зиёде бо меҳнати ҳалол ва софдилона дар ин мамлакат фаъолият менамоянд. Аммо мутаассифона, баъзе муҳоҷирони меҳнатӣ дидаву дониста дар кишвари қабулкунанда даст ба қонунвайронкунӣ мезананд ва дар натиҷа воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ мегардад. Яке аз сабабҳои берун намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия иваз намудани ному насаби худ баъд аз хориҷ гардиданашон будааст, бинобар ин, минбаъд аз чунин амалҳо худдорӣ намуда, қонунҳои кишвари қабулкунандаро риоя кардан шарт ва зарур мебошад.

Аъзои гурӯҳ ба диққати шаҳрвандон расониданд, ки ҳангоми ба Федератсияи Россия парвоз кардан дар вақти убури сарҳад ба кормандони назди сарҳадии Россия маълумоти равшан пешниҳод намоянд ва ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас диҳанд, ки бо чи мақсад ба Россия омадаанд, дар куҷо кор хоҳанд кард ва ғайра.

Дар ин бора Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД