arzon replenishment
Ноболиғонро аз чандсолагӣ ба кор мегиранд?
538


Зиндагиам бисёр вазнин аст. Бештари вақт фарзандонамро барои пулкоркунӣ ба кор ҷалб мекунам.

Фаҳмидан мехоҳам, ки кӯдакони ноболиғро ба кор ҷалб кардан қонуншиканӣ маҳсуб меёбад? Аз нуқтаи назари қонун аз чандсолагӣ шахс ба кор кабул карда мешавад?
Шамсия, модари танҳо

Посух

Тибқи талаботи моддаи 21 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафҳои шартномаи меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд.

Шаҳрванде, ки ба синни понздаҳ расидааст, метавонад ҳамчун корманд тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад.
Дар ҳолати истисно бо таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ расидаанд, инчунин таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ нарасидаанд ва дар театрҳо, ташкилотҳои банаворгирии кино, консертҳо, сиркҳо ва дигар ташкилотҳои эҷодӣ бе зарар расонидан ба саломатӣ ва инкишофи маънавиашон иштирок менамоянд, бо мувофиқаи падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда бе халалдор кардани раванди таълим метавонанд шартномаи меҳнатӣ банданд.

Тибқи талаботи моддаи 208 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарноку хатарнок, истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, инчунин дар корҳое, ки иҷроишашон ба саломатӣ ва инкишофи маънавии онҳо зарар мерасонад, манъ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД