arzon replenishment
Ноболиғоне, ки дар маркази компютерӣ банг мекашиданд, ба чанг афтоданд
482

Кормандони бахши кор бо ноболиғони шуъбачаи милитсия дар ноҳияи Сино-2 дар маркази бозиҳои компютерии маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе як гурӯҳ ҷавонон ва ноболиғонро дастгир намудаанд, ки натанҳо бо бозиҳои характери зӯроварӣ дошта машғул будаанд, балки ҳамзамон банг низ мекашидаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

“Дар рафти амалиёт кормандони бахши кор бо ноболиғони шуъбаи милитсияи ноҳияи Сино-2 дар як маркази бозиҳои компютерӣ, ки ба сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Олим Амирзода тааллуқ дорад, як гурӯҳ ҷавонон ва ноболиғонро дастгир намуданд, ки дар баробари бо бозиҳои характери зӯроварӣ дошта машғул шудан, ҳамзамон маводи мухаддири навъи бангдона мекашиданд”,- омадааст дар хабар.

Дар рафти амалиёт 3 нафар ҷавонони бангӣ боздошт шудаанд, ки яке аз онҳо ноболиғ мебошад. Аз маркази бозиҳои компютерӣ ҳамчунин як миқдор маводҳои мамнуъ дарёфт шудааст.

Аз рӯйи ин далел нисбат ба соҳиби маркази компютерӣ ва ҷавонони дастгиршуда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки машғул шудан бо бозиҳои компютерии хислати зӯроварӣ ва шаҳвонӣ дошта, аз қабили COUNTER STRIKE ва GRAND THEFT AUTO (GTA) расман манъ карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД