Arzon march 2024
Нигаронии Литва аз афзоиши шумораи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ
260

Мақомоти Литва гуфт, теъдоди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар се соли охир вориди ин кишвар шудаанд, 14 маротиба афзудааст ва ин омор боиси нигаронии мақомоти давлатӣ шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати амнияти давлатӣ Дариус Яунискис изҳорот дод.

Ба таъкиди ин мансабдор, бо далели афзоиши вуруди меҳмонон ниҳоди онҳо барои тафтиши ҳамаи хориҷиён фурсату имкон надорад, ки ин метавонад барои кишвараш хатарҳои ҷиддӣ эҷод кунад, ҳарчанд то ҳол ягон сабаб барои нигарониҳои ҷиддӣ вуҷуд надошт.

Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ хадамоти истихбороти кишвар чор шаҳрванди хориҷиро, ки ба гурӯҳҳои террористӣ иртибот доранд, ошкор кард. Дар робита ба ин, ба мақомот тавсия шуд, ки ба онҳо иҷозаи иқомат надиҳад ва вурудашонро ба кишвар манъ кунад.

Дар пайи ин иддао сарвазири Литва Ингрида Симоните вокуниш карда, ба ин мансабдор итминон дод, ки аз ин рақамҳо набояд ба ташвиш афтад, зеро сарфи назар аз афзоиши якбораи шумораи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, теъдоди умумии онҳо хеле кам боқӣ мемонад.

Ба зикри Симоните, шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз рӯи шумораи шаҳрвандони худ дар Литва дар ҷойҳои 4 ва 5-ум қарор доранд. Украина бо 77,5 ҳазор нафар пешсаф буда, Беларус бо 61,3 ҳазор ва Русия бо 15,3 ҳазор шаҳрванди худ дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд. Дар маҷмуъ, дар ин кишвари аврупоӣ тақрибан 222 ҳазор хориҷӣ бо иҷозатномаи иқомат умр ба сар мебаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД