Салом! Ман Замира, як нафаре ҳастам, ки таъриф нашавад, бо иродаи мустаҳками худ худро даво бахшидам.
Соли 2005 буд. Аз бемористон ҷавоб шудаму рӯзи дигар ба кор баромадам. Худи ҳамон рӯз аз як ҳамкорам хабари нохушро шунидам, ки гӯё ман бемори вазнин будааму умрам на он қадар зиёд мондааст. Пурсидам, ки аз куҷо фаҳмидааст инро? Гуфт, ки шавҳарам гуфтааст ба онҳо.
Ману шавҳарам дар як ҷой кор мекардем. Хона омадаму ба шавҳарам гуфтам, ки чаро ман ҳеҷ чизро намедонам дар бораи бемории худаму ту дар ҷойи кор овоза кардаӣ?
Баъди ин ҳатто назди духтур ҳам нарафтам. Гуфтам, ки Аллоҳи меҳрубон медонад чӣ қадар мондани умри инсонро. Ҳатто ғамгин ҳам нашудам. Рости гап, бовар мекунед ё не, охирон бор ҳамон соли 2005 дар бемористон хоб будам. Дигар на назди духтур рафтам, на табобат гирифтам. Гуфтам, ки дар тақдирам чизе бошад, ҳамонро мебинам.
Тақдир чунин будааст, ки соли 2020 модарҷонам, соли 2021 шавҳарам аз дунё гузаштанд. Худо руҳашонро шод гардонад.
Баъди ин садамаи зиндагӣ аввал руҳафтода шудам, вале боз худамро ба даст гирифтам. Фақат аз Худованд хоҳиш мекунам, ки муҳтоҷи ягон кас нашавам ва аз дасту пойи худам намонам. Барои ҳама ҳаминро талаб мекунам.
Ба ҳама Худованди бузург умри дароз, тани сиҳат, хурсандӣ, шифои комил диҳад. Илоҳо ба синни 100 дароед ва дар гурӯҳи “Кошонаи Шаҳло” нависед!