Sebiston new 2024 october
НАЗАРСАНҶӢ: КӢ ЧӢ ШУДАН МЕХОҲАД? (ВИДЕО)
2236
НАЗАРСАНҶӢ: КӢ ЧӢ ШУДАН МЕХОҲАД? (ВИДЕО)

Барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ давраи ниҳоят ҳасос фаро расидааст. Ин ҷавонон имрӯз сари дуроҳаи тақдир қарор доранд ва сарнавишити ояндаи онҳо аз интихобашон вобастагӣ дорад.

Хатмкунандагон тақдирсоз будани ин давраро дарк менамоянд?
Онҳо дар интихоби касб то кадом андоза ҷиддӣ ҳастанд?
Оё онҳо барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ омода ҳастанд?

Барои ба ин саволҳо ҷавоб гирифтан мо бо чанд нафар хатмкунандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ҳамсӯхбат гаштем.


Ин буд назари чанд нафар хонандагони мактабхои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар боби интихоби касб. Умедворем, ки дигар хатмкунандагон низ то кадом андоза ҷиддӣ ва тақдирсоз будани ин давраро дарк намуда, вақтро самаранок истифода мебаранд ва шабу рӯз сар аз китоб набардошта, бо тайёрии пухта ба даргоҳи донишгоҳу донишкадаҳои дилхоҳашон мераванд. Паёмбари муаззами ислом, Ҳазрати Муҳаммад салаллоли алайҳи васаллам барҳақ фармудаанд:
“Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй!”
Ҷавонони азиз, дӯсти беҳтарини ҳар кадоми шумо китоб аст. Бештар китоб хонед, илму дониш омӯзед, он гоҳ дари барору муваффақият албатта ба рӯйи шумо боз мешавад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД