Formula novemver 2024
Найрангҳои марди занҷаллоб (қисми 8 )
2150

 (Давомаш)

Шикори “Дон Жуан” он рӯз барор нагирифта, танҳо ба хона баргашт ва ғур-ғуркунон ба утоқи хобаш даромаду парикҳояшро дар назди оина надида фиғонаш ба фалак печид.

-Парикҳои ман канӣ?!-Девонавор дод мезад мӯйсафеди занбоз.

-Ба оташдон андохта оташ задам! Боз ягон гап доред?-Мағрурона ҷавоб дод Сайрам.

-Аблаҳ, ту чи кор кардӣ?! Медонӣ, ки ман он парикҳоро бо чӣ қадар пули калон харида будам?!

-Ба чанд пуле, ки харида бошӣ, садқаи сарам! Хуб кардам, ки сӯхтам! Поят ба лаби гӯр расидаасту бачаи ҷавон барин парик пӯшида худатро маймун карда мегардӣ! Ақаллан аз ҳамсояҳо шарм дор, охир ҳама ба ҳолат механданд,-Косаи сабри зан лабрез гашта ба ту гӯӣ гузашт.

-Ба оташ партофта бошӣ, садқаи сарам, ҳозир ба бозор рафта навашро мехарам,-Бонг зад Рӯзибек ва афзуд:-Кори туву ҳамсояҳоят ба ман набошад! Шумо қишлоқиҳо зебоиро чӣ медонед?! Ба шумо оғили гов бошаду деги ордоб ё фатиру шакароб, дигар парвои оламу одам надоред. Аз баданатон мудом бӯйи таппаку дуд меояд!

-Оҳ, садқаи ин мардаки фасони шаҳрӣ шавам! Ба фикрам дар вақташ падару бобою бобокалонҳоятон аз Париж ба ин ҷо кӯчида омада буданд-а?!-Сайрами аз таҳқирҳои шавҳар ҷон ба лабаш расида дид, ки ба ин мӯйсафеди шайтонсират ба хубӣ гап фаҳмонда намешавад, ба мазоқу масхара гузашт.

-Дамата гир аблаҳ! Ба падару бобоҳои ман кордор нашав, ки ҳозир сарата аз танат ҷудо мекунам,-Рӯзибек муштҳояшро гиреҳ намуда ба сари занаш тохт.

-Зан! Зан номард, зан! Барои ду-се беваи бағали сад мардака дидагӣ зани поку ҳалолата зада куш! Куш маро гуфтам! Куш!!! Безорам аз чунин зиндагию аз чунин бахту аз чунин шавҳар,-бечора занак дигар тоб наоварда инони гиряро сар дод. Вай бо тамоми овоз навҳа кашида ончунон бо алам мегирист, ки одами дидагӣ гумон мекард ягон хеши наздикаш аз дунё гузаштааст.

Рӯзибек ҳафт пушти занашро ҳақораткунон баромада рафт.

Тақдири талх

Рӯзи дигар назди оинаи хонаи хоб парикҳои зеботар пайдо шуданд ва як ҳафта пас Рӯзибеки занҷаллоб боз ба хонааш як бевазанро овард. Ҳамсояҳо ба Сайрам маслиҳат доданд, ки куртаю поҷомаи зани нави шавҳарашро дар танаш пора-пора кунад. Рӯю мӯяшро канаду зада-зада аз дарвоза берун намояд, вале корд дигар аз устухони ин зани ҷафокашида гузашта буду парво надошт, ки шӯйи бехирадаш чӣ нағмаҳо мекунад. Вай оҳи сард кашида ба ҳамсоязанҳо ҷавоб медод:

-Эҳ дугонаҳо, агар Худованд ба одам ақлу тамиз ва шарму ҳаё надиҳад, на зорӣ пеши роҳашро мегираду на зӯрию таҳдид. Ба гӯши одами худобехабар панд хондан ба гӯши хар азон гуфтанро мемонад. Беҳуда бузургон нагуфтаанд: “Хари Исо гараш ба Макка баранд, чун биёяд ҳанӯз хар бошад!” Пояш кайҳо ба лаби гӯр расидааст, то ҳол, ки ақлаш надаромад, гумон мекунед, ки ҷангу ҷанҷол ва рӯканию мӯйкании ман ба вай дарси ибрат мегардаду одам мешавад?! Дар ду дунё намешавад. Бало ба паси ҳамин пирхару зани наваш! Аз ин пас ҳар рӯз як зани дигар бигирад ҳам, даҳонамро намекушоям! Бигзор чи номаъқулие, ки мехоҳад, кардан гирад....

Нағмаҳои занҷаллоб

Солҳо турнасон гузаштанду беҳтарин даврони умри Сайрам-ҷавонӣ бо азобу алами шавҳари занҷаллоб барҳадар рафт. Зани бетолеъ кайҳо умедашро аз хушбахтии оилавӣ канда буд ва тамоми маънии зиндагиашро танҳо дар се фарзандаш медид. Рӯзибеки занҷаллоб бошад, парвои оилаву бачаҳояшро надошт, вай ҳамоно саргарми кайфу сафои худаш буд ва қариб ҳар моҳ ягон зани нав мегирифт, вале ягон хонум ба хӯйи бади ин пиракӣ тоб оварда наметавонист. Занҳояш ҳамагӣ ду-се ҳафта бо Рӯзибек зиндагӣ мекарданду дар чунин муддати кӯтоҳ аз қилиқҳои мӯйсафед ҷонашон ба лабашон расида аз баҳри чунин шавҳари фартуту серҷоғ мегузаштанд ва ба рӯзе, ки ӯро во хӯрданд, ҳазорон бор лаънат хонда, баромада мерафтанд ё пулҳояшро ба сумкачаашон зада, фирор менамуданд. Сайрам кайҳо ба тақдири талхаш тан дода буд ва ба ягон кору бори шавҳараш дахолат намекард, ҳатто намепурсид, ки ин бевазанҳои ҷавони гумроҳзадаро аз куҷо меёбад, вале мӯйсафеди занҷаллоб айби худашро надида дар баромада рафтани оимчаҳои таннози кӯчагиаш ҳамеша зани бечораашро гунаҳкор менамуд.  

Маслиҳати “дӯстона”

-Мардак, биё ба хубӣ ба як маслиҳат биёем, чунки ҷонам аз доду фиғон ва туҳматҳои беҳудаи ту кайҳо ба лабам расидааст. Ман ба ягон беваат то имрӯз кордор нашудаам, вале ту ҳамеша ҳама айбу гуноҳро ба гардани ман бор мекунӣ. Барои он, ки минбаъд аз ман домангир нашавӣ, ҳавлиро ду тақсим кун. Дар як нимааш ман бо бачаҳоям зиндагӣ мекунам, дар нимаи дигараш ту зани дигар бигир,-маслиҳат дод рӯзе Сайрам ба шавҳараш.

-Ҳавлиро ду тақсим кунам, ки ту дар нимаи дигараш шӯйи нав карда бо “буқаат” кайфу сафо карда бишинӣ-а?!-Аз ин пешниҳоди занаш дарҳол ба таври худ маънӣ бардошт Рӯзибек.

-Дар ҷавониам “буққа” наёфтаму акнун меёбам?! Хубии умрам, давраи гулрезию гулбезии ҳаётам, ҷавониам бо алами найрангҳои ту гузашт, акнун ба ман шавҳар дигар чӣ даркор?! Натарс, шӯй карданӣ нестам, танҳо мехоҳам ақаллан дар охири умрам одам барин орому осуда зиндагӣ кунам. Ба ману бачаҳоям аз ту ягон тини зардак лозим нест. Ҳавлиро тақсим карда ҳаққи моро бидеҳу худат зан гирифта аз паси зиндагиат шав! Мо худамон ягон илоҷ карда аробаамонро мекашем...

Суханони охирини Сайрам ба шавҳари мумсикаш хуш омаданд ва хушҳолона ин пешниҳодро пазируфт, то ҷонашро аз харидани ҳамон панҷ кило орду ду кило картошкае, ки барои фарзандонаш меовард, халос намояд...

 


Бибихол духтари сарвқаду камонабрӯи барф барин сап-сафед буд ва талабгорони зиёд дошт, аммо аз сари кибру ғурур ба тамоми ҷавононе, ки ба хонаашон хостгор мефиристоданд, дарҳол ягон айбу гуноҳ мемонд.

Wa98n4X3TxrZ1xj36VMJT6axmHrft5eF6HTdFwXP


 

Ҳамсояшӯй

Рӯзибек ҳавлиро ду тақсим намуд, нисфашро ба Сайраму бачаҳояш дод ва аз байн девор бардошт. Мӯйсафеди дар занёбӣ усто ба зудӣ аз маҳаллаи Гулдара ҷавонзани кӯдакдореро ёфта ба никоҳаш даровард. “Зани ман дардманд аст ва розист, ки ман бо ту зиндагии нав оғоз намоям. Ӯ дар хонаҳои болоӣ бо фарзандонам зиндагӣ мекунад, ту бошӣ ин хонаву боми маро соҳибӣ мекунӣ” гӯён, Рӯзибек зани ҷавонашро дилпур намуд, ки дар сурати аз олам гузаштани вай низ дар кӯча намемонад. Ҳамин тавр Сайрам бо шавҳари занҷаллобаш ҳамсоя шуда монд. Рашки азалӣ ягон занро амон намегузорад ва Сайрам низ истисно набуд. Аз шавҳараш ягон меҳрубонӣ надида бошад ҳам, бо зани дигар ҳамболину ҳамдил дидани падари бачаҳояш хоҳ-нохоҳ асабҳои ӯро хароб мекард. Дар як макон бо шавҳараш ва зани нави вай зистан барои Сайрами ҷафокашида бисёр душвор ва дилгиркунанда буд, вале ҳарчанд кӯшиш намуд Рӯзибек розигӣ надод, ки онҳо хонаро фурӯхта ба ҷойи дигар кӯчанд.

Хазони умр

Сайрам бо сад ранҷу азоб рӯи ҳавлияшро сабзавоткорӣ намуда буд. Меваҳо ба пухтан сар карданду Сайрам дар сар нақшаи фурӯхтанашонро кашид, вале як саҳар аз хоб бархоста дид, ки дар ягон шохи дарахт ягон дона мева намондааст. Ҳайрон шуд, ки ин кори кӣ бошад, вале сирри дузд ба зудӣ ошкор гашт. Маълум шуд, ки Рӯзибеку зани ҷавонаш ақаллан якто ҳам намонда тамоми себу анору хурмоҳои пухтаи ҳавлии Сайрамро чида ба бозор бурда фурӯхтаанд. Меваҳои дуздидашуда балои ҷони Сайрам гаштанд. Байни ваю шавҳараш моҷаро бархост ва Рӯзибек дар сари қаҳр занашро чунон зад, ки аз даҳони биниаш хун фаввора зада шорид. Фарзандонаш Сайрами ғарқоби хунро ба бемористон бурданд, вале ин зани ҷафокашида то бемористон нарасида дар роҳ ҷон ба ҷонофарин супурд...

Гулнисои Ҳикматулло

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД