(Давомаш)
Таҳдиди домоди пиракӣ
Пас аз рафтани модараш боз рӯзи сиёҳи Сайрам сар шуд. Шавҳараш ҳар рӯз бо ҳар баҳона ӯро лату кӯб менамуд ва таҳдид мекард, ки ба балояш зани дигар мегирад. Таҳдидҳои мардаки калаш ба назари Сайрам хандаовар менамуданд. Бовараш намеомад, ки ягон духтар ба чунин мӯйсафеди пояш ба лаби гӯр расида расидан хоҳад, вале хаёлаш хом баромад.
Меҳмони нохонда
Рӯзе дар рӯи ҳавлӣ нишаста машғули хишова кардани пиёз буд, ки як марди хушқаду қомати сермӯй ва аз пасаш як ҷавонзани танноз аз дарвоза даромаданд. Сайрам ҳайрон шуд, ки чаро марди бегона бе ибо ба ҳавлии вай даромада бошад ва саволомез ба меҳмонони нохонда нигарист:
-Шинос шав, ин занакҷони ҷони ширинаки ман! Хишоваатро мону тезтар дастурхон партофта, барои мо ягон таоми бомаза паз,-омирона амр кард марди ношинос.
Сайрам шавҳари парик пӯшидаашро аз овозаш шинохта дар ҷояш шах шуда монд.
-Ҳой каду, чаро шах шуда мондӣ? Тезтар барои мо ягон ҷизу биз кун, арӯси ман гурусна аст,-такрор кард шавҳараш.
Сайрам дарёфт, ки шавҳараш шӯхӣ накарда истодааст ва ин ҷавонзан дар ҳақиқат зани дуюми вай аст. Аз шиддати рашк ва ғазаб хун ба сараш зад ва фишораш баланд шуда, дунё дар назараш тираю тор гашту гулдуросзанон ба замин афтид.
Кинои бе пул
Беҳуда “Гуноҳу савоби ҳамсояро аз ҳамсоя пурс” нагуфтаанд, ҳамсояҳои Рӯзибек солҳои дароз бо ин марди айёш паҳлӯ ба паҳлӯ зиста, хислату хӯйи ҳаромашро хуб медонистанд. Мӯйсафеди гӯрсӯхта баъди марги занаш 7 ҷавонзанро аҳмақ карда ба никоҳаш дароварда бошад ҳам, ягон занаш бо вай аз ду ҳафта зиёдтар зиста наметавонист. Рӯзибек бо занҷаллобӣ ном бароварда буд ва дигар ягон хонуми ҳолдон ба рӯяш наменигарист. Занҳои шавҳармурдаю бевамонда мабодо дар кӯча Рӯзибекро бубинанд, дарҳол роҳашонро дигар мекарданд, то рӯяшон ба рӯйи ин касофат зада, ба ягон бало гирифтор нашаванд. Мӯйсафеди занбоз чун дид, ки дигар ягон ҷавонзанро ба домаш афтонида наметавонад, домони муллоҳои ҷодугарро маҳкам дошт ва бо сеҳру ҷоду ҳамин Сайрами бадбахтро ба никоҳаш даровард. Занҳои ҳамсоя аз кору кирдори Рӯзибек бохабар буданд, бинобар ин, баробари шунидани шӯру мағал аз хонаи ин пиракӣ пай бурданд, ки боз ягон хонуми гумроҳ фирефтаи ваъдаҳои болохонадори ин марди занҷаллоб гаштааст. Онҳо осемасар ба сари деворҳояшон баромада ба хонаи Рӯзибек чашм давонданд ва диданд, ки Сайрам дар рӯйи замини ҳавлӣ дароз кашида хобидаасту мӯйсафеди беимон бо як хонуми танноз чақ-чақ дорад.
Ҳамсояро аз ҳамсоя пурс
Бо баҳонаи Сайрамро хабар гирифтан як гуруҳ ҳамсоязанҳо ба хонаи Рӯзибек даромаданд. Сайрамро аллакай ба хона дароварда буданд. Мӯйсафед аз ҳамсояҳо шарм дошта ба зани наваш амр кард, ки зуд дар назди ҳамсояҳо дастурхон партояд ва то баргаштани вай аз ҳоли апааш, яъне Сайрам хабардор шавад ва худаш бо баҳонаи гову гӯсфандонро дар саҳро хабар гирифтан зуд аз ҳавлӣ баромада рафт. Занҳо ба хонаи хоби Сайрам даромада ҷавонзани бетолеъро хеле дилбардорӣ намуданд, баъдан ба насиҳат кардани “арӯс” сар карданд. Холаи Сангиной, ки дар байни занҳо аз ҳама солхӯрда буд, зани нави Рӯзибекро ба наздаш хонда гуфт:
-Гӯш кун духтарҷон, ин мӯйсафеди гӯрсӯхта туро танҳо барои сӯзондани ҳамин зани бечорааш ба ин хона овардааст. Медонам, ки вай ба ту қасри тилло ваъда кардааст, лекин ба гумон аст, ки ба қавлаш вафо кунад. Пеш аз ҳамин занаш вай 7 зани дигар гирифта буд, вале ягонтоашон бо ин пиракии аҳмақ ҳатто як моҳ наистоданд.
Бибихонуми гапдон сухани Сангинойхоларо қувват дода, афзуд:
-Намедонам бобои Рӯзибек Сайрами бетолеъро бо кӯмаки тӯмору таштоби кадом ҷодугар ба занӣ гирифт, вале аз рӯзе, ки пояшро ба ин хонадон гузоштааст, ин бечора рӯз надорад. Хар барин кор кунад ҳам, ягон бор аз шавҳари бадзоташ гапи хуш намешунавад.
-Бубин, магар ҳамин ҷавонзан ягон камбудию нуқсону гуноҳ дорад?! Гул барин духтар аст, лекин ин мӯйсафед ба қадри чунин нозанин нарасида, хору зораш кардааст,-сухани ҳамсояҳоро тақвият дод холаи Нозанин ва афзуд:-Сайрам барин хору зор шудан нахоҳӣ, беҳтараш таёқатро ба равшанӣ зада, зудтар баромада рав!
-Гумон накун, ки мо туро аз роҳ зада истодаем, танҳо диламон ба ҳусну ҷамол ва ҷавониат сӯхту кӣ будани ин мӯйсафеди фиребгарро ба ту гуфтем,-ба суҳбат ҳамроҳ шуд Нигорахон,-Рӯзибекро дӯст дорӣ, ихтиёрат, метавонӣ дар ҳамин ҷо монӣ, вале дониста бош, ки як моҳ нагузашта ин пиракии аблаҳ рӯзатро сиёҳ мекунаду мисли ҳамин Сайрами бечора дардманд шуда мемонӣ. Пушаймонӣ суд надорад!
-Ту духтари зебоӣ, умратро беҳуда бо ин мӯйсафеди занҷаллоби пояш ба лаби гӯр расида нагузаронда, баромада рав,-Маслиҳат дод холаи Сангиной ва ба дастурхон омин карда, аз ҷояш бархост.
Фирори зани дуюм
Зани дуюми Рӯзибек духтари ҷавон бошад ҳам, хомхаёл набуд. Суханони ҳамсояҳоро дар бораи шавҳари наваш шунида вай дарёфт, ки ин занҳо ҳаққи гапро мегӯянд, ин мӯйсафед одами хуб мебуд, ҳеҷ гоҳ ба болои гул барин зани ҷавонаш боз зан намегирифт. Духтарак зуд ба хона даромад ва либосҳояшро пӯшиду сумкачаашро гирифта ба кӯча баромад ва таксиеро дошта, фирор намуд.
Исёни мӯйсафед
Рӯзибек бо вақти хуш ба хона баргашта ба меҳмонхона даромад, то бо зани ҷавонаш каме дами бе ғам занад, вале аз Гулпарӣ аллакай ному нишон набуд. Ҳамсари ҷавонашро дар хона наёфта, мӯйсафед бо доду фиғон ба сари Сайрам тохта дод зад:
-Медонам, ки ин кори ту аст. Маро ба Гулпарӣ бад кардӣ, то вай бо пойи худаш баромада раваду ту аз азоби кундошдорӣ халос шавӣ?! Хобатро ба об гӯй! Гулпарӣ рафта бошад, садқаи сарам, пагоҳ боз ягон таннози дигарашро аз шаҳр ёфта меорам! Ҳозир чи бисёр, беваи ба нохуни пойи мардак зор, як имо кунӣ, дарҳол чанд паризод ба оғӯшат медарояд...
Сайрам мадоре надошт, ки бо ин пиракии ба васвасаи шайтон афтида сар ба сар шавад, аз ин рӯ хомӯширо авло дониста рӯяшро ҷониби девор гардонд, то рӯйи ҳароми шавҳарашро набинад.
Дон Жуани парикпӯш
Субҳ Рӯзибек боз ба сараш парик пӯшида бо вақти хуш азми ба “шикор” баромадан намуд. Сайрам шавҳари деҳқонашро бо костюму брюки домодӣ дида, сабру қарор аз даст дод ва баъди аз дарвоза баромадани мӯйсафед ба хонаи хоби вай даромада тамоми парикҳои ин “клоун”-ро ёфта гирифту ба оташдон партофта оташ зад. Шикори “Дон Жуан” он рӯз барор нагирифта танҳо ба хона баргашт ва ғур-ғуркунон ба утоқи хоби худаш даромад. Парикҳояшро дар назди оина надида фиғонаш ба фалак печид:
-Парикҳои ман канӣ?!-Девонавор дод мезад мӯйсафеди занбоз.
-Ба оташдон андохта оташ задам! Боз ягон гап доред?-Паст наомада, мағрурона ҷавоб дод Сайрам.
-Аблаҳ, ту чӣ кор кардӣ?! Медонӣ, ки ман он парикҳоро бо чи қадар пули калон харида будам?!
-Ба чанд пуле, ки харида бошӣ, садқаи сарам! Хуб кардам, ки сӯхтам! Поят ба лаби гӯр расидаасту бачаи ҷавон барин парик пӯшида худатро маймун карда мегардӣ! Ақаллан аз ҳамсояҳо шарм дор, охир ҳама ба ҳолат механданд,-Косаи сабри Сайрам лабрез гашта ба ту гӯӣ гузашт...
(Давомашро фардо шаб соати 21:00 интизор шавед)
Гулнисои Ҳикматулло