Озодаро волидонаш бо тӯю тамошо ба хонаи бахташ, ба ноҳияи Колхозобод гусел карданд.
Рӯзҳои аввали зиндагӣ Салим нисбати арӯсаш меҳрубон буд ва кӯшиш мекард, ки худро шавҳари беҳтарин нишон диҳад. -Салим пеш аз тӯйи шумоён қариб ҳар рӯз аз худ бехабар шуда ба хона меомаду доим моро азоб медод. Бародарону хоҳаронашро лату кӯб мекард, ману падарашро дашномҳои қабеҳ медод Ҳамсояҳо ба мо маслиҳат доданд, ки хонадораш кунед, ҳушу хаёлаш ба занаш банд шуда ин корҳояшро фаромӯш мекунад. Дар ҳақиқат баъди зангириаш писарам тамоман одами дигар шуда монд. Духтарам Озода, ту ҳамаи моро аз ғаму андуҳ раҳо кардаӣ,- дарди дил намуд рӯзе хушдоманаш. Бо шунидани ин сухан ба дили арӯсак алов афтид, вай метарсид, ки мабодо Салим боз ҳамон корашро сар кунад, ҳолаш чӣ мешавад?!
Оиша дар зиндагӣ дигар ягон такягоҳ ва ғамхору мададгор надорад, аз ҳамин сабаб роҳи ягонаи раҳоиро аз ин зиндагии сагона дар худкушӣ мебинад.
Кӯзапуштро гӯр рост мекунад
Салим бо чашмони монанди хун сурх ба хона омада, мисли саги девона ба ҳама дармеафтидагӣ шуд. Ҳар чизи аз пешаш баромадаро мешикаст, ҳар чӣ меёфт, ба сари Озодаю бародаронаш мезад. Кор кардан дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд. Нафақаи падару модарашро маҷбуран аз дасташон мегирифту ба корҳои ношоям даст мезад. Як пули пучак кор накунад ҳам, пайваста хӯрокҳои болаззат талаб менамуд. Хӯроки хостаашро наёбад, Озодаро аз мӯйҳояш кашолакунон ба хона дароварда, чойнику пиёларо ба сараш зада мешикаст ва пораҳои шикастаи зарфҳоро ба бадани ӯ мехалонд. Падару модараш ба байн дароянд, таъкид мекард: «кордор нашавед, вагарна бачаҳоятонро мекушам!» Одатан пас аз моҷаро вай аз хона баромада мерафт ва баъди баргаштанаш «ман бояд касеро азоб диҳам, то худамро ором кунам» гӯён, худашро дар назди ҳамсару волидонаш сафед мекард. Бо ҳамин ҳол Озода духтарчаи дуюмашро ба дунё овард. Салими ношукр «чаро ба ман боз духтар таваллуд кардӣ?» гӯён, шабу рӯз Озодаро ранҷу азоб медод.
Қасди куштор
Рӯзе Озода нав сатилро гирифта ба оғилхона говҷӯшӣ даромада буд, ки шавҳараш аз пасаш даромад ва дарро аз дарун маҳкам кард. Салим сатилро аз дасти Озода гирифта бо банди гӯсола занашро дар шифти оғил дор кашид. Хайрият, ки духтари ҳамсоя тасодуфан гиряву нолаи Озодаро шунида мардумро бохабар кард, вагарна бечора дар як дам мурда мерафту ду кӯдакаш ятим мемонданд. Ҳамсояҳо дари оғилро зада шикастану бандро бурида ҳалқаи дорро аз гардани ҷавонзани ниммурда раҳо намуданд. Салим гурехта рафту хушдоманаш чанд рӯз Озодаро беморбонӣ кард. Ҷавонзани аз ҷабри шавҳари наркоман ҷонаш ба лабаш расида, мехост ба хонаи падараш баргардад, вале боз кампири хушдоманаш гиряву зорикунон ӯро аз роҳаш гардонд.
Домод не, деви бадкирдор
Модари Озода меҳмонӣ омада, шоҳиди ҷанҷоли домод гашт.
-Чаро оши бурида пухтӣ?!- Дод мезад бо тамоми овоз Салим.
-Бачаҷон, охир дар хона дигар чизе нест, келин чӣ тайёр кунад?!- мегуфт модараш.
-Хонаро фурӯшед, гову молро фурӯшед, чӣ коре намекунед, шиками маро сер кунед!- аррос зад Салим ва бо қаҳр дегро чаппа карда, Озодаро 3-4 лагад заду аз дар баромаданӣ буд, ки чашмаш ба хушдоманаш афтид. Озода аз волидонаш то он вақт сирру асрори зиндагиашро пинҳон медошт, вале модараш бо чашмони худаш дид, ки вай дар хонаи шавҳараш чӣ рӯзи сиёҳе доштааст.
-Ту то имрӯз ҳамин хел азоб доштӣ?- гӯён, модар бо чашмони пурашк Озодаро аз замин бардошт.
-Очаҷон, ҳоло ҳамааш хуб мешавад,- модарашро тасаллӣ дод Озода ва хуни сару рӯяшро поккунон чоймонӣ рафт.
Модараш мехост ӯро ба хона барад, вале Озода розӣ нашуда гуфт:
-Бо ду кӯдак рӯзам дар ягон ҷо намегузарад, оча! Тақдирам ҳамин будааст, кушад ҳам, аз шавҳарам ҷудо намешавам.
Модар аз хонаи духтараш бо хотири парешон баргашт. Дилаш аз пешомади ногуворе дарак медод.
Мурдаи бесоҳиб
Модараш ба хонаи худаш баргашту духтарчаи хурдии Озода якбора касал шуд. Кӯдак дар таби баланд чунон месӯхт, ки ҷисми кӯчак курраи оташро мемонд. Салим Озодаро ба маркази ноҳияи Колхозобод бурда, дар беморхона хобонд ва бо ҳамин қарзи худро адошуда пиндошта, дар бадали як ҳафта дигар ба суроғашон нарафт. Духтурон бо марг даст ба гиребон буданду падари нашъаманди духтарча беғамона ба раги дасташ бо сӯзандору героин гузаронда «кайф» мекард. Нашъаро, ки зад, дигар Озодаю духтарчааш ба ёдаш намерасиданд. Рӯзи ҳафтум ҳоли духтарча тамоман вазнин шуда монд. Дорую дармон ва кӯшишҳои табибон асар накарданд, қарибиҳои нисфирӯзӣ духтарча ҷони ранҷидаашро ба ҷонофарин супурд. Озода тифлаки мурдаашро ба оғӯш гирифта, зор-зор гиря мекард.
-Ман аз ин ҷо ба деҳа рафта наметавонам, монед, ки падараш ояд,- мегуфт ҷавонзан, вале рӯз бегоҳ шуда аз Салим дарак набуд.
Одамоне, ки дар бемористон буданд, раҳмашон омаду кӯдаки фавтидаи Озодаро ба хонаашон оварданд. Салим банг зада дар рӯйи кат ба пушт хобида, мусиқӣ гӯш мекард. Овози мусиқӣ чунон баланд буд, ки гӯё дар дунё худаш танҳост. Марди мурдаи тифлро бо мошинаш оварда, Салимро дар ин аҳвол дида бо нафрат ба рӯяш нигариста гуфт: «Лаънат ба ту барин падар! Наход аз саҳар то бегоҳ ҷисми беҷони фарзандатро суроғ накунӣ-а.» Салим мурдаи фарзандашро дида ба ҷои оби дида рехтан, «он мард кӣ буд?» гӯён, Озодаро бераҳмона лагадкӯб кард. Ҳамсояҳо базӯр ҷавонзанро халос карда, кӯдакро ба хок супурданд.
Боз духтар
Тақдири бадашро бинед, ки Озода писар нею боз духтар таваллуд кард. Салими ҷоҳил маст шуда, кӯдаки навзодро мезад. Шаб, вақте ки тифлак гиря мекард, «духтари ҳаромиат маро нороҳат кард» гуфта, падари бераҳм аз дасту почакҳои нозукаш бардошта, духтарчаро ба дигар тарафи хона ҳаво медод. Тифл аз тарсу дард шах шуда, баъди чанде боз ба худ меомаду мегирист. Рӯзе Озода хамир мекард, ки Салим бо чашмони суп-сурх аз дар даромаду дод зад: «Ин ҷо биё!» Озода дастони пур аз хамирашро нишон дода гуфт: «Салимҷон, хамирро шавам, баъд меоям.» Шавҳари худобехабараш «ту гапи маро ду мекунӣ?!» гӯён, Озодаро ба хона дароварду як сими лучро дар миёнаш баста, баъд ба қувваи барқ пайваст намуд. Хушбахтона, барқ набуд, вале Озода аз тарс беҳуш шуда афтид. Ҳангоме, ки ба худ омад, Салим ба ду бари рӯяш зада мегуфт: «Хез, дафъ шаве ҷинӣ, охир сивет нест-ку! Ҳамаро талхакаф кардӣ, девона, хез, модарам тарсидаст, кӯдакат гиря дорад.»
Озода мадори ҳаракат кардан надошт, хушдоманаш дар болои сараш нишаста гиря мекард.
-Келин, ту зиндаӣ? Овоз барор? Маро натарсон, бачам,- оби чашмонашро поккунон зорӣ менамуд кампири бетолеъ ва ба писари ҷоҳилаш лаънат мехонд.
-Ҳа, хола, ман зиндаам, лекин берун аз қабр,- базӯр овоз баровард Озода.
-Шукри худо, ки зиндаӣ, вагарна ман ба падару модари ту чӣ ҷавоб медодам?- Хушдоманаш худоро шукр гуфта, сару рӯйи Озодаро модарвор сила мекард.
Наркомани занбоз
Болои ин ҳама Салим бо духтаре алоқа пайдо кард.
-Ман туро мекушаму зани дигар мегирам, ин дафъа зане мегирам, ки кор кунад. Ту тайёрхӯр, дар ягон ҷо кор намекунӣ, ба ғайр аз ин, фақат духтар таваллуд мекунӣ. Ба ман чунин зани муфтхӯри духтарзой даркор нест,- мегуфт наркомани бешарм.
Ношукрӣ Салимро зад ё худованд маргро барои фарзандони Озода аз зиндагӣ дар ин зиндонхона афзалтар донист, ки дар байни ҳафт моҳ ҳарду духтарчааш аз дунё гузаштанд. Озода аз як тараф барои фарзандони гул барин зебою аз шири модар носер, аз тарафи дигар барои зиндагии талхаш хун мегирист. Дигар бо Салим зиндагӣ карданаш маънӣ надошт, зеро то ин дам вай танҳо ба хотири зиндаятим накардани фарзандонаш бо ин наркоман мезист. Як саҳар Салим аз хоб бархоста гуфт:
-Озода, гиряву нолаат ба ҷонам зад! Ман имрӯз ба хона арӯс меорам. Арӯсе, ки дар оянда бароям писар мезояд. Хоҳӣ ҳамин ҷо мон, нахоҳӣ чор тарафат қибла! Озодаи кайҳо аз ҷабри ин наркомани худозада ба ҷон омада, дар ҷавоб чизе нагуфта, хомӯшона либосҳояшро дар як тугунча баст ва хонаи шавҳари золимашро тарк намуд. Вай ҳатто роҳкиро надошт, вале заррае ғам намехӯрд, ки чӣ тавр аз ин ноҳияи дурдаст то ба маркази ҷумҳурӣ ва аз он ҷо ба хонаи падараш мерасад, зеро хуб медонист, ки одамони нек дар дунё бисёранду албатта ба вай кӯмак мерасонанд. Озода як буғча дар даст ба назди милисаи дар сари роҳи калон истода рафту гуфт: «Акаҷон, илтиҷо мекунам ба ман кӯмак кунед, то ба хонаи падарам, ба Ваҳдат равам. Роҳкирое надорам». Ҷавони милиса Озодаро ҳолу аҳволпурсӣ намуд. Ҷавонзан саргузашти талхашро нақл карда гирист. «Хоҳарам, агар дилат ба шавҳарат ягон зарра гарм бошад, ман бо ӯ суҳбат мекунам, зарур шавад, нисбаташ албатта чора меандешем»,- маслиҳат дод милиса, вале Озода рад намуда гуфт, ки дигар бо Салим зистан намехоҳад.
-Ман аз ӯ шикоят надорам. Бо ман хушбахт нашуд, шояд бо оилаи дуюмаш хушбахт шавад. Ба Салим нарасед, роҳаташ гузоред. Ман ба ӯ кор надорам. Ягона хоҳишам ҳамин аст, ки маро ба хонаи падарам расонед,- таъкид кард Озода.
-Ғам махӯр, туро дар байни роҳ намегузорем. Вазифаи мо муҳофизати халқу Ватан аст,- гӯён, нозир автобуси ба Душанбе равонаро нигоҳ дошта, Озодаро ба он савор кард ва ба ронанда роҳкирои ӯро дода, таъкид намуд, ки ҳамин хоҳарро сиҳату саломат ба шаҳр расонад.
Поёни шаби сиёҳ
Озода баъди ду соли аз шавҳари бангиаш Салим ҷудо шудан ба як марди ба нохуни фарзанд зор ба шавҳар баромад. Бахт ба рӯяш хандиду ин дафъа марди меҳрубоне насибаш гашт. Ҳоло Озодаю Нуралӣ соҳиби ду писарчаи дӯстрӯяк ҳастанд. Озода афсӯс мехӯрад, ки чанд соли умрашро бо Салими наркоман гузаронида, худро беҳуда хору зор кард. Нуралӣ замин гирифта хонаи алоҳида сохт. Озода акнун зиндагии обод дорад ва шукронаи онро мекунад, ки баъди чандин солҳои сахту душвор бахти ҳақиқиро пайдо намуд…