- Ҳа, рост гуфтед, дугона. Хайрият, ки ман ҳам дар бозор ба савдогарӣ машғул мешавам. Дар замони пирӣ муҳтоҷи пули фарзанд шудан барин чизи бад нест ба фикрам. Охир, фарзандро баинсофашам ҳай, беинсофашам...
Дирӯз ҳамсинфамон Сабринаро дидам, бечора ба як аҳвол шудааст. Каме суҳбат кардем, дарди дил кард. Ӯ мегӯяд фарзандаш даҳ сомонӣ пул додаасту гуфтааст, ки барои набераатон чӣ шириние оред, ба соҳиби мағоза гӯед нархашро дар рӯйи ширинӣ нависад. Ва бақияашро бе истифодаи як дирам ҳатман биёред.
Дидед, дугона, дар замони пирӣ ҳеҷ кас муҳтоҷ нашавад. Наход фарзанд модарашро, ҳастияшро, фариштаи ҳаёташро, ки нахӯрдаву напӯшида ӯро ба воя мерасонад, дар замони пирӣ хор кунад!?
Дар ин айём фарзанд бояд волидонашро бо ҳама чиз таъмин кунад. Аз хӯрданиву пӯшиданӣ то пул. Бояд фарзанд зуд-зуд ба волидонаш пул дода истад, то камбудиҳои доштаашонро бартараф кунанд.
Ростӣ, Сабринаро дида, хӯриям омад. Хостам як панҷсадсомониро ба кисааш гузорам. Вале рад кард, ки агар фарзандаш фаҳмад, ӯро ба дуздӣ гумонбар мекунад.
Сабрина ягона дугонаамон нест, ки ҳолаш чунин бошад. Дирӯз Муҳаббатро дида будам. Ман, ки дар бозор менишинам, тез-тез ҳама рафиқонро мебинам, бо онҳо суҳбат мекунам. Ҳа, медонӣ, ки Муҳаббат ду писар дорад. Як писараш хона харида баромадаасту писари дувумияш дар муҳоҷират.
Бечора Муҳаббат дар дами пирӣ яккаву танҳо дар хона менишастааст. Ақаллан писараш ба хонааш даъват намекардааст,- афсурдаҳолона гуфт Замира.
Зумрад ғамгин шуда, ба Замира гуфт:
- Э аз ҳолашон дилам ғамгин шуд. Ҳоли дигар дугонаҳо чӣ тавр?
- Панҷ панҷа баробар не ку! Дигар дугонаҳо шукр, хубанд. Масалан Саидаро дирӯз дидам, хеле фарзандону келинҳояшро таъриф кард. Ду дасташ аз ангуштарин холӣ не. Навакак аз осоишгоҳ омадааст. Ба гуфтаи ӯ, писараш доимо модарашро ба истироҳатгоҳҳо ва ё ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ба саёҳат мебурдааст.
Бовар кун, дугона, дар дами пирӣ аз ҳама муҳим як даҳон сухани ширини фарзандону пайвандон аст. Одам ки пир шудан гирад, қалбаш нозук гашта, муҳтоҷи меҳр мешудааст. Барои ҳамин фарзанд дар пирӣ аз ҳолу аҳволи волидон бояд хабардор шавад. Дуои некашонро гирад.
Шукр, ки чунин фарзандон ҳам бисёранд. Хайр, ҳамаи инро мону дугона, гуфтагӣ барин, кадом рӯз гуфта будӣ, ки имсол суманак намепазӣ. Охир, келинат ҳомила аст ку!
- Ҳа, суманак напухтанӣ будам. Лекин келинам дилам суманаки шуморо мехоҳад гуфта, намонд.
- Боз келинат дар рӯзи суманакпазӣ таваллуд накунад?,- хандида гуфт Замира.
- Ҳа, ман ҳам аз ҳамин дар хавотир.
- Сабзаат хушрӯ дамидааст. Суманакро пухтан гиред ҳам, мешудагист.
- Ҳа, фикратон дуруст. Дар шабу рӯзи наврӯзӣ суманакро пазему бо ин ширинии баҳорӣ коми ёру рафиқонро ширин кунем. Боз яке келинамро дард нақапад...
***
Сабзаҳои дамондаи Зумрадхола омода шуда буданд. Кампир хешу табори наздикашро ба суманакпазӣ даъват кард. Чун ҳар дафъа барин дастурхони наврӯзӣ ороста буд. Шабонгоҳ ҳама ғарқу барқи суманакпазӣ буданд. Пиру ҷавон ба навбат бо ниятҳои нек деги суманакро мекофтанд. Духтаракон бошанд, сурудҳои наврӯзӣ мехонданд. Ё сурудҳои наврӯзии сарояндагонро монда, зери савту наво мерақсиданд.
Ҳама даври суманак шабамон рӯз кунем,
Ба лаб оҳангу суруд, ҳама наврӯз кунем.
Ҳама машғули суманакпазиву рақсу бозӣ буданд, ки келин хушдоманро фарёд кард, зеро...
(Давом дорад)
АРДАШЕР