... Ғайр аз ин, либосҳои гуногуни занона мувофиқи фармоиш медӯзам. Шукр ки гуфти гапҳо пири бадавлатем,- қоҳ-қоҳ хандиду дугонаашро ба оғӯш кашид Зумрад.
Ӯ афзуд:
- Бовар кунед, воқеан ҳунарманд ҳеҷ гоҳ муҳтоҷи касе намешудааст. Мана, ман аз пайи пул намеравам, пул ҳар рӯз дарвозаамро мезанад. Барои тоқӣ, рӯймол ё либосҳои гуногун фармоиш меояд.
Ба мани кампир пули зиёд ҳам чӣ даркор!? Аз ҳунари доштаам шукр карда кор мекунам. Ғаму ташвишам ҳам баробари захми сӯзан гум мешавад. Фирдавсии ҳаким ҳам беҳуда нагуфта будааст:
Куҷо беҳунар шуд асири ниёз,
Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз.
Имрӯзҳо келину набераҳо низ аз уҳдаи ин ҳунарҳо ба хубӣ мебароянд. Кӯшиш мекунам писар ё духтар ҳатман соҳиби ҳунаре шавад. Ақаллан як бурида нон ба хонааш меорад-ку!,-ба дугонааш нигоҳ карда, гӯё мунтазири посух шуд Зумрад.
Замира гӯё чизеро ба ёд оварданӣ бошад, ба фикр фурӯ рафту...
- Ҳа, рост гуфтед дугона. Хайрият, ки ман ҳам дар бозор ба савдогарӣ машғул мешавам. Дар замони пирӣ муҳтоҷи пули фарзанд шудан барин чизи бад нест ба фикрам. Охир, фарзандро баинсофашам ҳам ҳаст, беинсофашам...
Дирӯз ҳамсинфамон Сабринаро дидам, бечора ба як аҳвол шудааст. Каме суҳбат кардем, дарди дил кард. Ӯ мегӯяд фарзандаш даҳ сомонӣ пул додаасту гуфтааст, ки барои набераатон чӣ шириние оред, ба соҳиби мағоза гӯед, нархашро дар рӯйи ширинӣ нависад. Ва бақияашро бе истифодаи як дирам ҳатман биёред.
Дидед дугона, дар замони пирӣ ҳеҷ кас муҳтоҷ нашавад. Наход фарзанд модарашро, ҳастияшро, фариштаи ҳаёташро, ки нахӯрдаву напӯшида, ӯро ба воя мерасонад, дар замони пирӣ хор кунад.
Дар ин айём фарзанд бояд волидонашро бо ҳама чиз таъмин кунад. Аз хӯрданиву пӯшиданӣ то пул. Бояд фарзанд зуд-зуд ба волидонаш пул дода истад, то камбудиҳои доштаашонро бартараф кунанд.
Ростӣ Сабринаро дида, хориям омад. Хостам як панҷсадсомонаро ба кисааш гузорам. Вале рад кард, ки агар фарзандаш фаҳмад, ӯро ба дуздӣ гумонбар мекунад.
Сабрина ягона дугонаамон нест, ки ҳолаш чунин бошад. Дирӯз Муҳаббатро дида будам. Ман, ки дар бозор менишинам, тез-тез ҳама рафиқонро мебинам, бо онҳо суҳбат мекунам. Ҳа, медонӣ, ки Муҳаббат ду писар дорад. Як писараш хона харида баромадаасту писари дувумияш дар муҳоҷират. Бечора Муҳаббат дар дами пирӣ яккаву танҳо дар хона менишастааст. Ақаллан писараш ба хонааш даъват намекардааст,- афсурдаҳолона гуфт Замира.
Зумрад ғамгин шуда, ба Замира гуфт:
- Э аз ҳолашон дилам ғамгин шуд. Ҳолӣ дигар дугонаҳо чӣ тавр?
- Панҷ панҷа баробар не ку! Дигар дугонаҳо шукр ки хубанд. Масалан Саидаро дирӯз дидам, хеле фарзандону келинҳояшро таъриф кард. Ду дасташ аз ангуштарин холӣ не. Навакак аз осоишгоҳ омадааст. Ба гуфтаи ӯ писараш доимо модарашро ба истироҳатгоҳҳо ва ё ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ба саёҳат мебурдааст.
Бовар кун дугона, дар дами пирӣ аз ҳама муҳим як даҳон сухани ширини фарзандону пайвандон аст. Одам ки пир шудан гирад, қалбаш нозук гашта, муҳтоҷи меҳр мешудааст. Барои ҳамин фарзанд дар пирӣ аз ҳолу аҳволи волидон бояд хабардор шавад. Дуои некашонро гирад.
Шукр, ки чунин фарзандон ҳам бисёранд. Хайр ҳамаи инро мону дугона, гуфтагӣ барин, кадом рӯз гуфта будӣ, ки имсол суманак намепазӣ. Охир келинат ҳомила аст ку!
- Ҳа, суманак напухтанӣ будам. Лекин келинам оҳ, дилам суманаки шуморо мехоҳад гуфта намонд.
- Боз келинат дар рӯзи суманакпазӣ таваллуд накунад?,- хандида гуфт Замира.
- Ҳа, ман ҳам аз ҳамин хавотир.
- Сабзаат хушрӯ дамидааст. Суманакро пухтан гиред ҳам, мешудагист.
- Ҳа, фикратон дуруст. Дар шабу рӯзи Наврӯзӣ суманакро пазему бо ин ширинии баҳорӣ коми ёру рафиқонро ширин кунем. Боз яке келинамро дард нақапад...
(Давом дорад)
АРДАШЕР