Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар Ҷоми Осиё-2026 дар Арабистони Саудӣ пирӯзии дуюми пайдарпайи худро ба даст овард.
Бино ба иттилои ТВ «Варзиш», дар даври дуюми мусобиқот наврасони мо мунтахаби Мянмарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд. Муаллифи голи ғалабаовар Асадбек Махтумов гардид. Бо шарофати ин пирӯзӣ дастаи наврасони Тоҷикистон пеш аз муҳлат роҳхати даври баъдиро таъмин намуда, ҳамчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни наврасон шуд, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мегардад.
Ҳамин тавр, дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бори чаҳорум дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон миёни наврасон иштирок хоҳад кард. Қаблан даста дар чемпионатҳои ҷаҳон солҳои 2007, 2019 ва 2025 ширкат варзида буд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 12-уми май мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов бозии сеюми худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 анҷом медиҳад. Наврасони мо бо тими Арабистони Саудӣ нерӯ месанҷанд. Вохӯрӣ соати 22:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.