Дар Иёлоти Муттаҳида писари 12-сола бо номи Ҷексон Освалт тавонист дар шароити хона реактори хурди термоядроӣ созад. Бо ин дастовардаш ӯ ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шуд.
Рекорди пешин ба навраси 14-сола Тейлор Уилсон тааллуқ дошт. Ҷексон Освалт, ки сокини штати Теннеси аст, ӯро пеш гузашт. Фикри сохтани реактори фаъол дар 12-солагияш пайдо шуда буд ва Ҷексон ин орзуро чанд рӯз пеш аз ҷашни 13-солагияш амалӣ кард.
Гарчанде бисёриҳо ин корро ғайриимкон мешумориданд, Освалт дар муддати кӯтоҳ исбот кард, ки нақшааш на танҳо воқеӣ, балки дақиқ тарҳрезӣ шудааст.