formula feb 2025
Насиҳати модар (ҚИСМИ 3)
518

- Барои ҳамин ҳам, дар боғи рафтаат чун гули ҳамешасабз шукуфон бош!

Ҳар зан, ки ғулом кард шавҳар, як умр зани ғулом бошад,

Ҳар зан, ки шӯи худ кард шоҳ, шоҳбонуи некном бошад,-

гуфтааст шоир. Аз ин рӯ, агар хоҳӣ, ки дар хона чун шаҳбонуи ҳақиқӣ бошӣ, шавҳаратро ҳамчун шоҳ дон, иззату эҳтиромашро ба ҷо ор. Аз гуфтаҳояш саркашӣ накун. Дуруштсухан нашав, шартакигӯйӣ накун. Мардон зани шаттоҳро бад мебинанд.

Фаромӯш насоз, ки ҳафтод дар сади осоишу оромиши оила аз зан вобаста аст. Пешравиву муваффақияти шавҳар ҳам ба зан сахт алоқамандӣ дорад. Мегӯянд ку, "дар пушти ҳар марди муваффақ як зани оқиле ҳаст". Фарзандонатро дар роҳи росту дуруст тарбия намо, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба воя расон.

Ҳеҷ гоҳ касеро ба касе бад накун, хоса хешовандони шавҳаратро. Саида ном дугонаам доимо ба авсунаш хушдоманашро ғайбат мекардааст, авсунаш бошад, суханҳои Саидаро нарезондаву начаконда ба хушдоманаш хабар мекашидааст. Дар байн бечораи Саида бо хушдоманаш дилхунук шуд. Дигар хушдоман ба вай на эътимод мекарду на эътибор медод. Дидӣ духтарам, беҳуда нагуфтаанд, ки "забони сурх сари сабзро мехӯрад". Ба забонат сахт эҳтиёт шав.

Духтарам, авсунатро ҳам ба авсунат ғайбат накун, ҳар чӣ қадар мехоҳӣ, онҳоро таърифу тавсиф намо. Дар умум, ғайбат кори хуб нест, агар инсони ғайбат мекардаат аз суханҳои ту огоҳӣ ёбад, аз ту сахт меранҷад. Ба ғайбати касе ҳам гӯш надеҳ. Ҳар касе, ки ба ту ғайбат мекунад, бидон ки туро ҳам ба дигаре бад мекунад.

Шаҳбонуҷон, ҳеҷ гоҳ каму камбудии шавҳар ва хешовандони ӯро накоб ва нагӯ ҳам. Ба шавҳарат доимо онҳоро таъриф кун.

Шаҳбону! Кӯшиш кун гапи хона ба берун набарояд. Хабаркашӣ бадтарин хислати одам аст. Ба ту дугонаи дигарамро низ мисол меорам.

Муҳаббат ном дугонаам доимо аз зиндагияш менолид. Ҳар воқеае, ки дар хонааш рух медод, ё ба модараш, ё ба ҳамсоя рафта нақл мекард. Чунин рафтораш такрор ёфтан гирифт. Боре хушдоману шавҳарашро ба модараш ғайбат мекарду ҳар воқеаи шударо ба модараш нақл мекард. Шавҳар аз ин огоҳӣ ёфту аз завҷааш сахт ранҷид вале чизе нагуфт. Дафъаи дигар шавҳари дугонаам бо ҳамсоямард гапаш мегурезаду ҳамсоя тамоми гуфтаҳои Муҳаббатро мегӯяд ва таъна мезанад. Муҳаббат ба ҳамсоя, ки "дарди дил" мекардааст, ҳамсоя ба шавҳараш ҳамаро хабар мекашидааст. Дар байн қариб буд оилаи Муҳаббат вайрон шавад. Қариб буд бо ду писараш бева монад. Барои ҳамин ба касе сирри оилаатро нагӯ ва аз касеро ҳам нашунав.

Хушдоманатро чун модар дӯст дор. Аз суханонаш наранҷ. Ӯ ҳам модар аст. Ҳар чизе, ки мегӯяду ҳар коре, ки мекунад, барои ояндаи неки фарзандаш аст. Аз хушдоманат ҳар коре, ки мекунаду ҳар ҳунаре, ки дорад, омӯз.

Духтарам, бобоят мегуфтанд, ки "формулаи хушбахтии ягон оила ба ягон оила мувофиқ нест", бинобар ин, формулаи хушбахтии оилаатро бо шавҳарат худат соз.

Дар зиндагӣ дар оила ширинсухан шав. Бо сухани нек мор аз хона мебарояд мегӯянд, пас бо ширинсуханӣ метавонӣ ба тамоми мақсадат расӣ. Дар умум, духтари ширинам, "дидадаро, ба дида ҷо шав", на танҳо ба дида, балки ба дилҳо ҷо шав.

- Ташаккур модарҷони азиз, ин насиҳате, ки кардед, як умр бароям лозим мешавад ва ҳеҷ гоҳ инро фаромӯш намесозам.

- Офарин духтари қандам.

- Ҳа, модарҷон, минбаъд ман барвақттар мехезам.

- Бале духтарам, барвақт ки хестӣ, корҳоятро шуда, аз пайи хондани китобҳои бадеият шав. Китобхонӣ маърифататро баланд мекунад. Хоса агар зан китобхон бошад, аз домонаш беҳтарин инсонҳо, олимону донишмандон ба воя мерасанд,- насиҳат кард модар ба духтараш.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД