Formula novemver 2024
Нақши занон дар ҳалли мушкилоти экологӣ
450

 

Тавре ки қаблан маьлумот дода будем, имрӯз дар меҳмонхонаи "Ҳайят реҷенси"-и пойтахт дар доираи Вохӯрии панҷуми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси

Фонди байналмиллалии "Наҷоти Арал" вохӯрии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мавзӯи "Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ" доир гашт.
Дар нимаи аввали рӯз намояндагони расмии кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазокистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар мавзӯи "Таъмини баробарии гендерӣ  ва иштироки фаъолонаи занону духтарони кишварҳои Осиёи Марказиӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ тағйирёбии иқлиму тозагии муҳити зист" баён намуданд.

Нимаи дуюми рӯз  дар доираи ин Муколама ду ҷаласаи панелиӣ баргузор шуд. Ҷаласаи якуми панелӣ ба мавзӯи "Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои таббиӣ дар Осиёи Марказӣ" бахшида шуда, дар он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, Сулейман Ляззат Жанылысовна, муовини раиси Кумитаи миллии занон ва масъалаҳои оилавию демографии Қазокистон, Суна Парк, мушовири Вазири экология ва ҳифзи муҳити зисти Узбекистон, Дурдыева Акмелҷон, раиси Шӯрои марказии занони Маркази Иттифоқҳои касабаи Туркменистон ва Х. Абдулҳақ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷличи Олии Тоҷикистон дар боби тадбирҳои мушаххасе, ки барои баланд бардоштани мақоми зан, таъмини баробарии гендерӣ ва иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳалли мушкилоти гуногуни ҷомеа, махсусан, дар масъалаи тағйиребии иқлим андешида шудаанд, сухан ронданд.

Ҷаласаи дуюми панелӣ ба мавзӯи "Ташаббусҳои экологии Осиёи Марказӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор" бахшида шуда, меҳмонону мизбонони чорабинӣ зимни баромадҳояшон қайд намуданд, ки тағйирёбии иқлим ва афзоиши офатҳои табиӣ ба ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сокинони тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бетаъсир намонда, боиси пастшавии ҳосилнокии меҳнат ва афзоиши бемориҳои сироятӣ бо сабаби ифлосшавии муҳити зист гашта, раванди паст кардани сатҳи камбизоатиро душвортар мегардонад.

"Обшавии пиряхҳо, ба шӯразор табдил ёфтани заминҳои корам ва норасоии об аз зумраи мушкилоти ҷиддие мебошанд, ки на танҳо ба иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба тамоми сайёраи Замин таъсири ногувор мерасонад.Бинобар ин, дар ҳалли мушкилоти экологӣ ва муҳофизати сарватҳои табиӣ занону духтарон низ бояд иштироки фаъолона дошта бошанд, зеро тағйирёбии иқлим ва вайроншавии муҳити зист, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, ба занону кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад", - гуфта шуд зимни суханрониҳо.


Таъкид шуд, ки хушкшавии баҳри Арал имрӯз мушкили глобалӣ ва фоҷиаи бузурги экологӣ барои тамоми сайёра аст. Пиряхҳое, ки баҳри Арал аз онҳо сарчашма мегирифт, 32 фоиз кам шудаанд ва ин ҳолат метавонад боиси ба миён омадани норасоии об дар ин ҳавза гардад. Аз ҳамин хотир, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Миллали Муттаҳид соли 2025-ро "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон намуд.

Қабул намудани барномаҳои миллӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои экологӣва кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳаёти ҷомеа, рушди иқтисодиёти сабз, пешбурди оқилонаи соҳаи хоҷагии қишлоқ, муносибати ғамхорона ба табиат ва ҳифзи сарватҳои табиӣ аз зумраи масъалаҳои муҳиме буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа бисёр муҳим буда, таъмини баробарии гендерӣ ва иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳалли масъалаи тағйирёбии муҳити зист омили пешравиҳои назаррас дар ин самт хоҳад гашт, зеро табиат худ чеҳраю хислати занона дорад.

Дар охир иштирокчиёни Муколама ба унвони Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ муроҷиатнома қабул карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД