Михаил Мишустин, сарвазири Русия қарореро имзо намуд, ки нархи ягонаи имтиҳонҳои забони русӣ ва таъриху асосҳои давлатдории Федератсияи Русия бар асоси он таъин карда мешавад.
Акнун шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳрвандӣ ва шиносномаи Русияро гирифтан мехоҳанд, бояд барои ҳар як имтиҳон 2950 рубл супоранд, ки дар маҷмуъ 5900 рублро ташкил медиҳад. Арзиши имтиҳон барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ дар Русия 5900 рубл, барои иҷозатномаи кор 3800 рубл таъин шудааст.
Мишустин ҳамчунин боз як қарори дигарро имзо намуд, ки ба идораҳои давлатии масъули гирифтани имтиҳон аз хориҷиҳо марбут аст. Рӯйхати ин идораҳоро Вазорати илм ва маорифи Русия дар ҳамоҳангӣ бо ВКД ва “Рособрнадзор” таҳия мекунанд.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, кормандони ин идораҳо, ки масъули гирифтани имтиҳонот интихоб мешаванд, бояд мутахассиси соҳаҳои филология, лингвистика ё забоншиносӣ ва ҳуқуқ бошанд.