Пойгоҳи Transfermarkt арзиши гузариши бозингарони Лигаи бартари футболи Русияро навсозӣ кард. Тибқи арзёбии ҷадид, нархи гузариши Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи “Ростов” 200 ҳазор евро гарон ва 2 млн евро шудааст.
Ин гаронтарин нархи гузариш на танҳо барои Ятимов, балки беҳтарин нишондиҳанда миёни ҳамаи футболбозони кунунии дастаи Тоҷикистон аст.
Мавсими гузашта барои Рустам Ятимов дар Лигаи бартари футболи Русия яксон нагузашт. Ӯ борҳо “Ростов”-ро наҷот дод, аммо дар охир ба баъзе иштибоҳот низ роҳ дод.
Бо вуҷуди ин, саҳми дарвозабони тоҷик дар муваффақияти даста назаррас буд. “Ростов” дар Лигаи бартари футболи Русия боқӣ монд, Ятимов бошад, яке аз дарвозабонҳои устувори қаҳрамонии Русия эътироф шуд.
Коршиносони Transfermarkt пешрафти бозигарро бо боло рафтани арзишаш аз 1,8 то 2 миллион евро арзёбӣ карданд. Имрӯз Ятимов гаронтарин футболбози тоҷик дар ҷаҳон ва нахустин намояндаи кишвар аст, ки нархаш аз марзи 2 млн евро гузаштааст.