arzon replenishment
Намози муҳоҷир чӣ тавр хонда мешавад?
17.05.2025
Oila.tj
318

Ман дар муҳоҷират зиндагӣ мекунам ва дар шаҳре, ки ҳастам, масҷид аз хонаам дур аст. Оё дар танҳоӣ намоз гузорам беҳтар аст, ё бо ҷамоат?

ШАҲРИЁР, муҳоҷир

Посухи домулло Хомӯшӣ:

- Намози ҷамоъат дар масҷид бар мардони тавонманд воҷиб аст, зеро далелҳои зиёде бар он далолат мекунад. Суннат далолат мекунад, ки касе, ки дар хона намоз бихонад ва намози ҷамоъатро дар масҷид нагузорад, агар бо сабаби узр бошад, ҳеҷ боке надорад. Аммо ривоят аст, ки Паёмбари Ислом (с) фармудааст: «Касе ки азонро бишнавад, вале ба масҷид наояд, намози ӯ пазируфта намешавад, магар ин ки узре дошта бошад».

Вале агар роҳи Шумо аз масҷид дур бошад ва равуоятон бароятон мушкилӣ пеш орад, боке надорад, дар хона ва танҳо намоз гузоред. Дини Ислом ба сари бандагонаш мушкилиро таҳмил намекунад, балки ҳамеша сабукиро талқин менамояд. Бинобар ин, муҳим аст, ки шумо бо сидқ намоз гузоред ва агар он дар танҳоӣ ҳам бошад Худованд подоши бештаре ба шумо хоҳад дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД