Агар мусулмон намоз бихонад, амалҳои солеҳи зиёдеро анҷом бидиҳад ва дили пок дошта бошад, вале падару модари худро эҳтиром накунад ва ё ба онҳо эҳтимом наварзад, чӣ подоше хоҳад гирифт?
Султон, ш. Ваҳдат.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ин хато ҳисобида мешавад ва иҷрокунандаи он муҷозот карда мешавад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:«Пас, ба онон (ҳатто калимаи) уф магӯ ва бар онҳо овоз баланд макун ва бо эҳтиром ба онон сухан бигӯ. Ва аз рӯи меҳрубонӣ дар баробарашон фурӯтан бош». (Сураи Исро: 23-24).
Ҳар гуна азият додани падару модар бо гуфтор ё кирдор нофармонӣ аст, ки фарзанд барои ин кораш гунаҳкор мешавад, зеро ин хилофи амру наҳйи Аллоҳ аст, ки Ӯ ба мо дастур додааст, ки бо онон хушгуфтору хушрафтор бошем. Аллоҳ таъоло мефармояд:«Ва бо эҳтиром ба онон сухан бигӯ. Ва аз рӯи меҳрубонӣ дар баробарашон фурӯтан бош». (Сураи Исро: 23-24).Ва аз нофармонӣ намудани падару модар бо гуфтору кирдори бад манъ кард.
Агар аз фарзанд ба падару модараш беэҳтиромӣ мекунад, бояд ба сӯи Аллоҳ таъоло тавба кунад ва аз падару модараш бахшиш бипурсад, то аз азоб наҷот ёбад.