Sebiston new 2024 october
Нафрат (қисми 4)
2076

Давомаш ...

- О Алисаи маккорае, бо як тир ду фохтакро задааст. Аммо бояд бигӯям, ки ту ба ман маъқул омадӣ, ман имшаб намеоям, рӯзи дигар ба масҷид рафта, никоҳ мекунем. Зани Давид будӣ, зани ман мешавӣ.

Ман хомӯширо зарур донистам, зеро аз ин палид ҳангоми муқобилиятҳоям он қадар мушту лагате хӯрда будам, ки баданам абгор гашта буд ва ягон ҷойи ободӣ надошт. Боз як шаби пур аз хушунати шаҳвонӣ пушти сар шуду субҳ Зоир дарро қуфл карда, худаш рафт, пеш аз рафтан гуфт:

-Тайёриятро бин, фардо соатҳои як ба масҷид рафта, никоҳ мекунем.

Фирор

Пас аз як соати рафтани Зоир ба берун баромадам, моҳи ноябр буду барфи майда-майда мезад, ҳаво ниҳоят хунук буд. Либосҳои гармамро пӯшидаму маблағи доштаамро миёнаи шиносномаам гузошта, ба кисаи палтоям мондам. Ороишоти тиллоиямро ба рӯймоле гузошта, дар миёнам бастам.

Кофта-кофта аз як тарафи ҳавлӣ зинапояеро ёфтам, онро гузоштаму бо як азоб то баландии девор баромадам, кӯча холӣ буд, аз рӯйи ин девори баланд дар кӯчаи сементӣ афтида, маъюб шуданамро фикр накарда, ба поён ҷаҳидам.

Барои хубтар баромадан ба зинапоя мӯзаҳоямро кашида будаму ҷӯробҳои пашмини ғафс пӯшида будам, шояд ҳамонҳо мадад карданд, ки зарб хӯрда бошам ҳам, ягон ҷоям нашикаст.

Як поям аз зону сахт сӯзиш мекард, мӯзаҳоямро пӯшидаму паспортамро ба дастам гирифта, сахт давидам. Намедонам чӣ қадар роҳ рафтам, ки ба роҳи калон расидам ба мошинҳои бешумор нигариста таксиеро маън намудаму гуфтам ба фурудгоҳи наздиктарин барад.

-Шумо ба куҷо парвоз мекунед,- пурсид марди рус, -ба Тоҷикистон,- гуфтам дар ҷавоб. Баъди ду соат такси назди фурӯдгоҳе истод, ки болояш Шереметово навишта шуда буд. Ба ин тарафу он тараф менигаристаму намедонистам чӣ кор кунам, дилам сахт метапид, ҳатто намедонистам, пули дар даст доштаам ба билет мерасад ё не?

Ҳамин вақт дар рӯ ба рӯям занеро дидам, ки сабзинаи зебо буду рӯймолаш ба қавле тоҷикӣ баста шуда буд. Саросема наздаш рафта, бе салому алейк пурсидам:

-Холаҷон, шумо тоҷикед?

-Бале духтарам, ман тоҷик,- гуфтани зан ҳамон буду гӯё модарамро дида бошам, ӯро оғӯш гирифта, бо овози баланд гиристанам ҳамон….

Холаи Марворид

Зан маро гарм ба оғӯш кашида ором карду ба гӯшае бурд, аҳволамро пурсид, ман тамоми саргузаштамро ба ӯ нақл кардам. Баъди пурсупосҳои зиёд маълум шуд, ки холаи Марворид ҳамдеҳаи бибии модариям будаасту падару модарамро хуб мешинохтааст, ин зани меҳрубон маро ба хонааш бурд.

Дар роҳ ӯ ба ман нақл кард, ки баъди ҷанг ду писараш дар Маскав кор карда, шаҳрвандии Маскавро қабул намудаанду акнун ӯ ҳар сол як бор ба назди онҳо омада, се-чор моҳ бо келину набераҳо меистад.

-Нав писари калониро ҳамроҳи занаш ба тӯйи хоҳари келин равон кардаму худам хонабон, писари калонӣ низ дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунад. Ман ба ӯ мегӯям, барои ту билет гирифта, гуселат мекунад,- холаи Марворид насиҳатам кард, ки зинҳор дар бораи Зоир ба касе даҳон накушоям.

Ман ваъда дода, рӯзи дигар бо ёрии писари холаи Марворид ба Ватан парвоз кардам. Ин зани меҳрубон барои модарат гӯён, як сумка қанду қурс ва тӯҳфаҳоро низ ба дастам дод, ба ватан расида, рост ба хонаи модарам омадам ва ҳақиқати ҳолро ба падару модарам нақл кардам. Модарам Давлатро дуои бад мекарду падарам андешаманд оҳ мекашиду халос…

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД