Давомаш ... Аввалашро дар ин ҷо хонед.
Алиса қарибиҳои рӯз ба худ омаду худашро ба ман «шиносонд»:
- Ман зани қонунии Давлат. Ин ҳама шукӯҳу шаҳомате, ки мебинӣ, бо шарофати падари ман ба вай насиб гаштааст. Зеро падари ман ҳамин қадар пул дорад, ки даркор шавад, Маскавро мехарад! Ту ҳам гӯй Гулчитай, чӣ қадар пул ба ту лозим аст, ман медиҳаму ту дафъ шав!
- Аввал ин ки ман на Гулчитай, балки Зиёда ном дорам. Дуюм, ману Давлат пеши Худо бо ҳам зану шавҳарем, сеюм ман мисли ту ҳама чизро ба пул чен намекунам, агар Давлат маро нахоҳад, ман худи ҳозир ба ватан бармегардам,- гуфтам дар ҷавоб.
Давлат ба ман теғ кашида нигоҳ кард. Алиса гӯё дар хонаи худаш бошад, даромада ҳаммом карду худашро ба тартиб дароварда, баромада рафт. Пас аз рафтани ӯ Давлат маро барои паёмаки фиристодаам зери мушту лагат гирифту гуфт, ки худи пагоҳ туро ба назди волидонам мефиристам. Ростӣ, хурсанд шудам, ки аз зиндони шавҳар халос мешавам.
Беномус
Бо хурсандӣ ба ҷамъ кардани либосҳоям машғул будам, ки Давлат омад, ӯ наздам нишаста гуфт:
- Зиёда, ту маро фаҳм. Алиса духтари як генерали машҳур аст, ман даҳ сол боз бо ӯ зиндагӣ дорам. Ӯ фарзанддор шудан намехоҳад, аммо ба ман фарзанд, меросхӯр даркор аст. Бовар намо, ман туро ҳаргиз хор шудан намемонам. Дар Душанбе бароят ҳавлӣ месозам, зуд-зуд ба наздат меравам, охир аксарияти мардони тоҷик чунин зиндагӣ доранд ку?!
- Не, ба ман на хонаат лозим асту на худат, ба Ватан рафта, бо падару модарам маслиҳат мекунаму ҷудо мешавем, - гуфтам дар ҷавоб.
Ҳамин вақт Давлат дод зад:
- Ман ҳар моҳ барои падари ту пули хуб мефиристам, ӯ аллакай аз муфлисӣ баромад, чӣ ту мехоҳӣ ман ҳамаи пулҳоямро аз падарат талаб намоям?! Ту то намирӣ, аз ман халосӣ намеёбӣ, беҳуда ҷон накан!
Дар ҷавоби суханони Давлат лол мондам, фақат мегиристаму халос. Субҳи рӯзи дигар Давлат ба дастам паспорту билет ва каме пул доду маро ба мошине шинонда гуфт:
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
- Ҳайдар коргари мост, туро ба фурудгоҳ бурда, ба самолёт мешинонад, ба хона расидӣ, ба ман занг зан.
Аз ин ноодамии шавҳарам хун ба сарам зад, наход марди баномус занашро бо марди бегона танҳо гусел кунад. Мегиристаму ронанда бо раҳм ба ман аз оина нигоҳ мекард, аммо намедонистам, ки балои дигаре маро дар пеш аст.
Макри палонҷ
Ронанда маро на ба фурудгоҳ, балки ба назди дарвозаи зебое овард. Ман аз ӯ пурсидам, ки чаро маро ба фурудгоҳ намебарӣ? Ӯ бо сари хам гуфт:
- Алиса Андреевна шумор интизор аст.
Ҳамин вақт дарвоза худ аз худ кушодаву мошин вориди он ҳавлӣ шуд, ронанда либосҳои маро фаровард, худам низ ноилоҷ фаромадам. Чун мошин берун рафту дарвоза пӯшида шуд, аз даруни хона марди қоматбаланди зардинае берун шуда, бо забони тоҷикӣ гуфт:
- Биё, бонуи зебо….
Як ҳафта ман дар асорати шаҳвонии он мард, ки худро Зоир муаррифӣ кард, мондам. Чун худамро пеши пойи ӯ партофта, бо зориҳои зиёд пурсидам, ки бо фармони кӣ маро ба ин ҷо оварданд, ӯ гуфт:
- Ман ҳам тоҷикам, вале аз Самарқанд, бо Алиса солҳои тӯлонӣ дӯстию ҳамкорӣ дорем. Ман ба қарибӣ як корашро ҳал кардам, туро барои ҳамин ба ман ҳадя кард.
Ман аз ӯ дар бораи Давлат, шавҳари Алиса, пурсидам. Ӯ бо ханда гуфт:
- Ту Давидро ҳам мешиносӣ?
Ман гуфтам, ки "ман зани ҳамон Давидам". Зоир аввал бовар накард, баъд қасаму лобаи маро шунида гуфт:
Давом дорад ...