sebiston july new
Бо амри шавҳар фарзандамро нобуд кунам, гунаҳкор мешавам?
1535

Салом! Ман як зани ғариби тоҷик мехоҳам дар ҳалли як масъалаи муҳим аз хонандагони рӯзгордидаи сомонаи Oila.tj маслиҳат пурсам.

Аниса ном дорам, шукри худо оиладор ва модари 3 фарзанд ҳастам. Азбаски шавҳарам муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, айни замон оилавӣ дар Русия зиндагӣ карда истодаем.

Ман ду духтару як писар дорам ва боз ҳомиладор ҳастам. Мехоҳам тифли батнамро ба дунё биёрам, вале шавҳарам “зудтар рафта исқоти ҳамл кун”мегӯянд. Борҳо фаҳмондам, ки исқоти ҳамл ба одамкушӣ баробар аст, мардакҷон, охир ман чи тавр фарзандамро бо дасти худам несту нобуд мекунам, вале ҳамсарам ба нигоҳ доштани тифли батнам розӣ нашуда, мегӯянд, ки дар ин замонаи душвор ман ҳамин 3 кӯдакро базӯр мехӯронаму мепӯшонам, бори дӯши маро боз ҳам вазнинтар накун.

Ризқу рӯзии ин кӯдакро Худованд худаш медиҳад гӯям, дар ҷавоб мегӯянд, ки Худо барои он ба одамизод ақл додааст, ки пеш аз кореро кардан оқибаташро андеша кунад.

Хулласи калом, шавҳарамро ба гап дароварда натавониста истодаам, ҳар рӯз ду пояшонро ба як мӯза андохта “зудтар рафта исқоти ҳамл кун” мегӯянд.

Ман зани намозхону худотарс ҳастам ва метарсам, ки агар исқоти ҳамл кунам, ба ғазаби офаридгор гирифтор шуда, ягон балои азим ба сари худам ё шавҳару фарзандонам меояд.

Пурсиданиям, ки агар гапи шавҳарамро гирифта, тифли батнамро исқоти ҳамл кунам, дар ин ҳолат ман гунаҳкор мешавам ё ҳамсарам? Умуман, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Дар чунин ҳолатҳо зан бояд чӣ кор кунад? Илтимос, ягон домулло ё шахсоне, ки аз нозукиҳои дини ислом хабардор ҳастанд, ба саволҳои ман ҷавоб диҳанд.

Бо эҳтиром Аниса

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Миша 2023-09-28, 17:19
Доруи Марги мушро аз бозори Садовой харида дар хуроки шавхарат мон. Проблема хал! Сахар хести «Я здесь Исмаил исчез»🤣🤣🤣
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Миша 2023-09-28, 17:19
Доруи Марги мушро аз бозори Садовой харида дар хуроки шавхарат мон. Проблема хал! Сахар хести «Я здесь Исмаил исчез»🤣🤣🤣
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД