Arzon march 2024
Нафрат
2624

 

Падару модарам якдигарро нағз дида, оиладор шудаанд, пайи ҳам шаш духтарча таваллуд шудан дар дигар оилаҳо мушкилот биёрад, аммо ман ҳеҷ гоҳ эҳсос накардаам, ки падарам аз мо ношукрӣ карда бошад. Шояд ҳамин шукргузории падару модарам ба даргоҳи Худованд буд, ки бори ҳафтум модарам писараки зебое тавлид намуда, сари моро ба осмон расонид.

Ман духтари кенҷагӣ будаму додараки деринтизорам баъди ман ба дунё омад, аз ин рӯ барои падару модарам чун духтари хушпайи қадам ба хисоб мерафтам.

Мо шаш духтар дар ҳусну малоҳат ва ҳунарҳои занона таърифӣ будем, аз ин рӯ, хешу табору ҳаққу ҳамсоя ба қавле «талошак» карда, апаҳоямро келин гирифтанд. Ман мактабро хатм кардаму борони хостгор дар хонаамон рехт, модарам худаш то синфи ҳашт хондааст, падарам тоҷиру марди сарватманд аст, вале ягон духтарашро маълумоти олӣ надод. Орзуи хонда табиб шудан низ дар дили ман монд ва маро фотеҳа карданд.

Маро фотеҳа карданду падарам, ки тиҷорати калоне дошт, муфлис шуд. Ӯ қудошавандаҳоро, ки хешони шавҳари апаи калониям буданд, ҷеғ зада, хост ба хубӣ фотеҳаро гардонад, аммо…

Духтарфурӯш

Ман то ҷое хурсанд будам, зеро шавҳар кардан намехостам, ҳамин ки меҳмон омад, аз пушти дар ба сӯҳбати ӯ бо падарам гӯш андохтам. Падарам ба падари ҷавон гуфт:

- Бародар, ман ҳама духтаронамро бо ҷиҳози арзанда тӯйҳои бошукӯҳ барпо карда, ба хонаи бахташон гусел мекардам, акнун муфлису қарздорам, намехоҳам фардо духтари ман таънашунави шумо гардад. Ман одати тоҷиконро хуб медонам, онҳо зиндагии арӯси беҷиҳозро ба дӯзах табдил медиҳанд Зиёда духтари дӯстдоштаи ман аст, аз ин рӯ бе хафагӣ мо бояд фотеҳаро гардонем. Шумо одами баобрӯ, писаратон ҳам аллакай дар зиндагӣ роҳи худро ёфтааст, ман гуфтагӣ мард, ҷон гуфта, духтарашро медиҳад.

Падари ҷавон каме фикр карду гуфт:

- Раис, гапи шумо рост, писари ман аллакай тоҷири муваффақ асту табъаш хеле нозук. Панҷ сол боз барои вай арӯс мекобем, хушкардагиҳои моро қабул намекард. Дар як тӯй духтари калонии шуморо, ки келини апаам аст, дида гуфт, агар ҳамин янгаам хоҳар дошта бошад, ӯро ба занӣ мегирам. Мо чанд рӯз духтари шуморо зора кардем ва сурати ҳамин Зиёдаатонро ба вай нишон додему ӯ бо ҷону дил розӣ шуд. Барои ҳамин, ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки аз ин фикратон гардед. Сири мардон пӯшида, ман ба шумо қалине медиҳам, ки ҳам духтаратонро ба таври дилхоҳ тӯй мекунед, ҳам қисми қарзҳоятонро медиҳед. Боварӣ дорам, ки писари ман баъди тӯй ҳам ба шумо ёрӣ мерасонад, то тиҷорататонро барқарор кунед. Аз тақдири духтаратон беташвиш бошед, ӯ дар маркази Маскав дар хонаҳои бошукӯҳ зиндагӣ мекунад. Писари ман дар Маскаву Тоҷикистон даҳҳо хонаю бӯстонсаро дорад.

Падарам хомӯш буд, ки ин аломати ризоияти ӯ буд, дилам сип-сиёҳ буд, ба хонаи хобам гузашта, то холӣ шудани дилам гиристам, охир падари меҳрубонам маро фурӯхт! Ман боварӣ доштам, ки ӯ ба ин марди пулмаст ҷавоби сазоворе медиҳам, аммо ӯ хомӯш нишаст, яъне ман розӣ….

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ДУХТАРИ НОБОЛИҒРО БА ШАВҲАР ДИҲАМ?

Тӯйи бесурур

Дилам аз падарам монда буд ва бароям фарқе надошт, ки тақдир маро ба кадом кӯ мепартояд, хомӯш расидани рӯзи тӯйямро интизор шудам. Пас аз як моҳи «шартнома» бастани падарам бо қудояш тӯйи ману Давлат баргузор гашт.

Шавҳарам ҷавони болобаланди зебо бошад ҳам, фарқияти синну солии мо аён шуда меистод. Аз рӯйи суханони апаам фаҳмидам, ки Давлат аз ман даҳ сол калон аст, аммо фарбеҳияш ӯро бузургсолтар нишон медод.

Тӯямон хеле бошукӯҳ буд, беҳтарин санъаткорони кишвар дар он ҳунарнамоӣ карданд, аммо сояи сиёҳе диламро тарк намекард. Чил рӯз дар ҳавлии сеошёнаи бошукӯҳи хусурам гузашт, қариб ҳар рӯз талбон буд, маро апаҳояму хешу табори ҳамсарам зиёфат дода металбиданд.

Домодию арӯсии ману Давлат он қадар ширин набуд, зеро ҳамсарам мудом ба куҷое шитоб мекард, дар бекорияш бошад, банди телефонбозӣ буд. Танҳо шаб дар як бистар бо ман сар мемонду бисёр вақт то ғундор-ғундор карда омадани ман хобаш мебурд.

Хушдоманам ин амали писарашро дар серкорияш медонисту ҳар дафъа бо дилсӯзӣ таъкид мекард.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД