Модари чор фарзанд ҳастаму шароитам хеле вазнин аст, чунки бори вазнини зиндагӣ бар дӯши мани танҳост.
Духтарам 17- сола аст ва барояш хостгорони зиёд меоянд. Оё аз рӯи қонун ба хотири вазнин будани зиндагиям ман метавонам духтарамро ба шавҳар диҳам?
П.Н.
Тибқи моддаи 168 Кодекси ҷиноятии ҶТ ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби падару модар ё шахсоне, ки духтар таҳти васояти онҳост ё шахсоне, ки ӯ тобеи онҳо мебошад, ҳамчунин далолат кардан ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додан
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ аз мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Аммо бояд қайд намуд, ки тибқи қонунгузорӣ синни никоҳ, ки аз 18- солагӣ муқаррар гардидааст, барои на бештар аз як сол кам карда шавад.
Ин дар асоси аризаи шахси никоҳшаванда дар суд баррасӣ карда мешавад ва агар ариза аз ҷониби суд қонеъ карда шавад, мумкин аст, ки синни никоҳ 1 сол кам карда шавад.