Arzon march 2024
Надомат (қисми 4)
1758

Давомаш ... Қисматҳои аввалашро дар ин ҷо хонед.

Вуҷуди Насибаро ларза гирифт. Телефонашро кушода, тамоми шабакаҳои фейкиашро пок кард. Тавба кард, ки дигар ба ин роҳ намедарояд. Ӯ ҳайрон буд, ки чӣ тавр ба ин роҳи бад даромад.

Аслан, як -ду нафари занг зада рақамҳои ӯро аз куҷо ёфтанд? Ин муаммое буд, ки Насиба ба он ҷавоб дода наметавонист.

Шоҳин баъди он, ки аз ин духтарак ноумед шуду дигар ба зангҳояш посух нагирифт, ба ҷустани "ёр"-и дигар шурӯъ кард.

Ӯ ин бор ҳам рақами телеграмми як занро аз рафиқаш гирифту боз мисли ҳарвақта ин занро ҳам фиреб карда, ба худ ром сохт. Боз мисли пешин сӯҳбат мекард. Қаҳркунӣ, дашном, пул суҳбатҳои ҳархела ҳамин буд миёнашон. Рӯзе ӯ аз ҳамсӯҳбаташ маблағи калон хост:

- Малика ба ман пул дода метавонӣ?, - навишт Шоҳин.

- Чанд пул? Барои чӣ?- посух омад аз он тараф.

- Ба хона рафтанам лозим. Пул надорам.

- Дар се рӯз метавони баргардонида?

- Чаро баъди се рӯз?

- Чунки шавҳарам меояд.

- Аз куҷо?

- Аз кор! Ӯ ҳама пулашро ба ман фиристодааст.

- Номи шавҳарат чист?

- Чӣ кор мекунӣ номашро?

- Гапро зиёд накун. Номаш чӣ мегӯям?

- Шоҳин.

- Шоҳин?

- Фарзанди кӣ?

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ҲАҚИҚАТИ МАРГИ АРӮСУ ДОМОД ДАР САДАМАИ ШАҲРИ КӮЛОБ

-Фарзанди эркаи як бой. Лекин, худаш маро гузошта, шаҳр ба шаҳр мераваду дар сохтмон кор мекунад. Агар пулҳои падарашро ҳисоб кунӣ, худатро гум мекунӣ...

Шоҳин ҳамсараш будани Маликаро фаҳмида, худашро гум кард. Бо чанголаш мӯяшро канда, телефонро ба дарё ҳаво дод.

Ӯ пеш аз оне, ки бо Малика ҳамсӯҳбат шавад, рақамҳои як занро низ гирифта, ба ӯ паёмак ирсол карда буд. Ҳарчанд зан навишт, ки дигар ба ин рақамҳо нанависад вале ӯ... Менавишту менавишт.

Ҳамин рӯз он зан макони Шоҳинро ёфта, бо ӯ вохӯрду барои ба иззати нафсаш расиданубеҳуда гап партофтани ӯ ба як зани бегона аз болояш ба додгоҳ шикоят кард.

Шоҳин ин лаҳзаҳо аз корҳои кардааш ниҳоят пушаймон буд. Онҳо як -як пеши назараш омада, ӯро чун кирм мехӯрданд.

Шерзод ҳамон замоне, ки Шоҳин оилаи ӯро вайрон карда, ҳамсарашро шарманда карда буд, рақамҳои хоҳар ва завҷаи ӯро ба баъзе мардҳои номард дода буд, то Шоҳин низ азоби кашидаи ӯро чашад. Шоҳин айнан ҳамон азобҳои ба ҳама додаашро чашид. Тамоми корҳои бади кардааш ба худаш баргаштанд. Ҳамин замон гуфтаҳои Хусрав ба ёдаш омад, ки гуфта буд, "аз оқибати кор андеша кун, дунё баргарданда аст, ҳамааш боз ба худат бармегардад". Ин ҳарфҳо то лаҳзаи марги Шоҳин дар гӯшҳояш ҷарангос садо медоданд.

Ӯ ба худ мегуфт, ки дар ин дунё корҳои некро зиёдтар анҷом додан лозим аст,  то ин ки хубиҳоямон бештар гардад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Ниҳолбӣ 2023-08-14, 05:02
Абдугафор Шодиев киссахои аввалаат камутум бомаьнитар буданд, рафта рафта шумо хам гуфти гапхо «полулунатик» шуда рафтед. О кадом занаки беакл бо телефон шинос шуда дарав пул ба ошикаш равон мекардаасту боз номи шавхарашро хам мегуфтааст!? Як бор аз назари духтури психотерапевт гузаред, ягон дору нависад, соқ мешудагистед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Ниҳолбӣ 2023-08-14, 05:02
Абдугафор Шодиев киссахои аввалаат камутум бомаьнитар буданд, рафта рафта шумо хам гуфти гапхо «полулунатик» шуда рафтед. О кадом занаки беакл бо телефон шинос шуда дарав пул ба ошикаш равон мекардаасту боз номи шавхарашро хам мегуфтааст!? Як бор аз назари духтури психотерапевт гузаред, ягон дору нависад, соқ мешудагистед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД