Arzon march 2024
Надомат (қисми 3)
1530

Давомаш ... Қисмҳои аввалашро дар ин ҷо хонед.

- Э не. Ман ба ин фикрат розӣ не. Телефон дар ин ҷо чӣ айб дорад7 Телефон ҳам мисли корд аст. Дуруст истифода барӣ, аз он манфиат меёбӣ. Агар нодуруст кор фармоӣ, пас ҳар гуна корҳо шуданаш мумкин аст. Ғайр аз ин, ба фарҳанги истифодабарӣ вобаста аст! Пеш аз ҳама, ба виҷдони одам ҳавола мешавад. Охир, чаро бадкориву бадгуҳарӣ мекунад! Аз пушти телефон чӣ қадар корҳо осон шуд. Чӣ қадар одамон маҳз аз пушти ҳамин як техника рӯзашонро пеш мебаранд. Ин мо - одамон, ки вайрон шудаем. Барои ҳамин аз вай одам худатро сахт эҳтиёт кун.

- Рост гуфтӣ. Ман вайро одам гуфта, аз роҳи бад гардонидани будам. Хатояшро фаҳмад гуфтам. Вай маро нодуруст фаҳмид.

- Ҳа, Хусравҷон, на ҳама кас дар замони имрӯз пандро қабул мекунад, махсусан, Шоҳин баринҳо. Ту ҳоло ин мардакро нағз намешоносӣ. Як духтар ҳам аз пушти ӯ қасд ба ҷонаш кардааст. Пули бечора духтарро фиреб карда, аз худ кардааст. Духтарак он қадар ошиқи Шоҳин шудааст, ки ҳатто тиллоҳои модарашро фурӯхта, тавассути карта пулашро ба вай фиристодааст. Дар охир волидайнаш огоҳ шудаанд ва духтар худро ба об партофтааст. Хайрият, ки зуд хабар ёфта, духтаракро наҷот додаанд. Дидӣ, ӯ боиси бадбахтии чанд нафар шудааст? Ин шумораи танҳо мо медониста... Тавбааа! Бин, дар ҷамъият чӣ гуна инсонҳо ҳастанд. Боз онҳо ба ном марданд.

- Меҳроҷ, ман ба як чиз ҳайронам. Чаро ӯ фикр намекунад, ки чунин ҳолат агар бо ҳамсараш рух медод, чӣ мекард? Бибиям мегуфтанд, ки "мазан ба дараш, зананд ба дарат". Охир, ӯ ҳам духтар дорад, зан дорад. Магар фикр намекунад, ки дар ин дунёи бумеранг ҳама чиз бармегардад. Вале ...

- Вале ин корашро давом медиҳад, - гуфт Хусрав.

 

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ҲАҚИҚАТИ МАРГИ АРӮСУ ДОМОД ДАР САДАМАИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Ӯ аз бадгуҳарии рафиқаш ангушти ҳайрат газид. То ин вақт аз сиру асрори ин бачаи рӯйсафеди дилсиёҳ огоҳ набуд. Баъди шунидани суханҳои Меҳроҷ то андозае ба дилаш ваҳм афтод.

"Боз мабодо борони тӯҳмату бӯҳтонро ба сари ман ҳам нарезад?" андешид худ ба худ. Ӯ ба ҳамин риштаи дӯстиашро бо Шоҳин канд. Дигар ба вай наздик нашуд, мисли оне, ки аз бало ҳазар мекунанд.

Аз байн солҳо гузашт. Шоҳин боз бо як духтаре ҳамсӯҳбат шуд. Рақамҳои ин духтарро аз рафиқаш гирифт. Онҳо тавассути телеграм сӯҳбат мекарданд. Дар байн ҳар хел суҳбатҳои бешармона ҳам мешуд.

Шоҳин чун одат ҳамсӯҳбаташро дашном ҳам медод, вале аз он тараф боз барои сӯҳбат имкон меёфт. Гоҳҳо аз ҳам қаҳр мекарданд. Баъди як - ду соати бо ҳам қаҳрӣ шудан боз сӯҳбат мекарданду сӯҳбаташон қӯр мегирифт. Вале боз дашному ҳақорат.

Шоҳин мудом модари духтаракро ҳақорат медод. Духтарак Насиба ном дошт, вале дар саҳифа худро Нуриниссо ном монда буд.

Рӯзе акааш ба телефони янгааш занг зад. Ӯ бо акааш ҳамсӯҳбат шуда, баъди қатъи зан нохост ба телеграми янгааш даромад. Чашман ба ҳамон саҳифае афтод, ки аз они акааш буд. Рангу рӯяш парид, дилаш гуп-гуп-гуп-гуп мезад.

Ӯ ба ёд овард, ки соҳиби саҳифаи борҳо ба картааш аз ӯ пул гирифт. Бар замми ин, дашномҳое медод, ки чун симоб гӯшро месӯзонд. Духтар андешид, ки ӯ надониста, модари муштипари беозорашро дашном медод.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД