- Шоҳин, чаро ин қадар бо духтарони зиёд гап зада, онҳоро фиреб медиҳӣ, бо эҳсосоташон бозӣ мекунӣ ва ҳамин, ки боз ягон духтари зеботару барнотарро дидӣ, аз пайи “шикор”-и ӯ мешавӣ?! Магар ба як одами соҳибкасб, як марди се фарзанддор, соҳиби модару хоҳару зан ин кор зебанда аст? Оё ту оқибати коратро фикр мекунӣ, ки чӣ мешавад?, - дилсӯзона ба Шоҳин мегуфт ҳамкораш Хусрав.
Шоҳин табассуми ях барин сард карду ба дӯсташ писхандомез гуфт:
- Хусравҷон, ту нигарони ман набош! Чӣ тавре, ки худат гуфтӣ, ман як одами соҳибкасбу зану бачадорам. Худ медонам, ки чӣ кор кардаму мекунам. Ғайр аз ин, ман бо онҳо танҳо сӯҳбат мекунам. Ягон кори ғайриахлоқӣ не, - ку?! Магар сӯҳбат кардан ягон ҷойи айбу бадӣ дорад? Баъдан, ман ягон нафари онҳоро маҷбур намекунам. Ҳамин, ки як ду сухани ширин гуфтам, худашон моил мешаванд. Сӯҳбат мекунем, сӯҳбате, ки ҳамдигарро шод месозад, - мағрурона ҷавоб дод Шоҳин.
Хусрав бо нигоҳи пур аз меҳр ба дӯсташ нигариста, гуфт:
- Шоҳин, ҳар гоҳ, ки ту сӯҳбат мекунӣ, дар ҳарфҳоят дашном аст. Ман ҳайрони баъзе нафаронам, ки чаро бо вуҷуди дашному ҳақоратҳои болохонадор боз бо ту сӯҳбат мекунанд, занг мезананд. Ҳатто як марди оиладор буданатро донанд ҳам...
- Э, Хусравҷон, биё мон! Ману ту кӯдак нестем, - ку? Ҳар ду ҳам марди каппа-калон, сиёҳу сафедро фарқ карда метавонем. Хубу ганда, росту каҷро низ. Ин ҳамаро ба мо омӯхтаанд ва лозим ба ёдоварӣ нест. Ҳозир як мақол буд, - ку? Ҳммм, чӣ буд? Хайр, ба ёдам, ки ояд мегӯям. Биё, хубаш дар дигар мавзуъ сӯҳбат кунем. Ҳозир вақти ба мо ҷудошуда ҳам тамом мешавад. Роҳбарро надидӣ чӣ гуфт? Хӯроки нисфирӯзӣ аз 12:00 то 13:00. Барои ҳамин, биё, ҳамдигарро наранҷонда, ба кори як дигар бинӣ нахалонда, сӯҳбати дӯстона кунем.
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
- Шоҳин, ман ба ту барои дӯст буданат ин гапҳоро мегӯям. Бидон, ки аз тамоми сирҳоят огоҳам. Агар ин рафторатро тағйир надиҳӣ, ба ҳамсарату модарат чӣ корҳо карда гаштанатро мегӯям. Бахти чанд нафарро сӯзонда, боиси ятим шудани чанд кӯдак ва қасди ҷон кардани духтаре ...
- Хусрав, ҳаддатро дон! Ба корҳои ман дахолат накун! В-агарна...
- Чӣ вагарна? Маро аз ин бино сарозер мекунӣ?
- Не, ман ба хунат дастонамро олуда намекунам, коре мекунам, ки худат худатро аз ин бино сарозер мекунӣ! - писхандомез гуфт Шоҳин.
Ҳамин замон Меҳроҷ сӯҳбати онҳоро дида омад. Шоҳин ба Меҳроҷ нимнигоҳе накарда, аз назди Хусрав дур рафт. Меҳроҷ ҳам ба ӯ эътиборе надода, дар назди Хусрав нишасту пурсид:
- Хусрав, ба Шоҳини бабник чӣ шуд? Чаро табъаш хира. Ё боз арӯсҳояш ғам додаанд?
- Не, Меҳроҷ, ин бор ман ӯро ғам додам.
- Э наход? Аз байнатон ҳеҷ гоҳ қил намегузашт. Чаро якбора фил гузашт?, - хандида гуфт Меҳроҷ.
- Ман хостам, ки ӯ аз ин роҳи хатои бахткушу тақдирсӯзаш баргардад. Аммо...
- Аммо вай ба ту гуфт, ки ба корҳои ӯ дахолат накунӣ. В-агарна коре мекунад, ки аз ҳамин бино худат худатро сарозер мекунӣ. Ҳамин тавр?
- Исто, ки ту ба гапҳои мо гӯш дода истода будӣ? Ё ягон камераи пинҳонӣ аст?
- Не, ман на ба гапҳои шумо гӯш додаму на ягон камерае дорам, ки пинҳонӣ назорат кунад. Суханҳоеро, ки ту ба Шоҳин гуфтаӣ, Шерзод ҳам гуфтааст. Ӯ ҳам хостааст, ки Шоҳин аз ин роҳи нодурусти бахткуш баргардад. Вале Шоҳин ҳамон гапҳоеро, ки ба ту гуфт айнан гуфтааст. Вале Шерзод бепарвоӣ карда, хостааст Шоҳин аз ин роҳ баргардад. Доимо ба сӯҳбаташ ҳамроҳ шуда, хостааст ба корҳои номаъқулаш нуқта гузорад. Шоҳин аз корҳои Шерзод дар ғазаб шуда, пинҳонӣ рақамҳои ҳамсари ӯро гирифта, ба ӯ занг зада, фиребаш дода, гуфтааст, ки Шерзод арӯсбоз асту ғайри ӯ чанд зани дигар дорад. Канӣ, агар ту ҳам ҳамин тавр кунӣ ӯ иҷозатат медиҳад? Албатта не! Қисса кӯтоҳ бо ҳамсари Шерзод доимо ҳамсӯҳбат мекардагӣ шудааст. Ба қавле ӯро ба худ ром кардааст. Вақте Шерзод хостааст, ки ӯро насиҳат кунад, Шоҳин тамасхуромез дар назди якчанд нафар гуфтааст, ки хубаш маро панд надеҳу лаҷоми занатро каш. Шерзод як шаппотӣ ба рӯйи Шоҳин зада гуфтааст, ки ба ҳамсари ман кордор нашав, ман чӣ хел будани ӯро медонам. Шоҳин рӯйи аз торсакӣ сурх шудаашро дошта, баланд-баланд хандидаасту телефонашро гирифта, расмҳои фиристодаи ҳамсари Шерзодро дар назди анбӯҳи коргарон ба ӯ нишон додааст. Баъдан ...
Давом дорад ...