Салом! Номи ман Заррина. Солҳои дароз аст, ки мо, се хоҳарон бо чашмони чор шабу рӯз роҳи падарамонро интизорем.
ештар сабаби тарки Ватан кардани падарамонро дар бекорӣ мепиндоштем, вале асли гапро аз забони модарамон шунидему ҳуш аз сарамон парид. Модарам оби дида рехта гуфтанд:
“Ману падаратон ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудем. Бибиатон намехост маро келин кунад, вале падаратон ду пояшро ба як мӯза андохта “хоҳеду нахоҳед, ҳамин духтарро мегирам” гуфту онҳо ночор ба хонаи мо хостгорӣ омаданд. Зиндагиамон ширин мегузашт, вале бибиатон рашк бурда, тез-тез бо ҳар баҳона ману падаратонро ҷанг меандохт. Аввалҳо падаратон ба гапҳои модараш чандон аҳамият намедод, вале баъди он ки хоҳари хурдиатон Зиёдаро ба дунё овардам, ғур-ғур мекардагӣ шуда монд. Бибиатон ба оташи қаҳру ғазаби писараш мудом равған рехта мегуфт: “Зани хушкардаат фақат духтар мезояд. Пагоҳ духтарҳоят шавҳар карда мераванду ту дар айёми пирӣ ба домод муҳтоҷ шуда мемонӣ писарам. Ҷавобашро деҳ! Як ҳафта нагузашта ман ба ту боз духтари очааш набӯсидаро гирифта медиҳам. Келине меёбам, ки ҳар сол як шоҳписар таваллуд кунад! ” Падаратон ба иғвои модараш гӯш дода, маро бад медидагӣ шуд. Ҳамин тавр падаратон сарашро гирифта ба хориҷа рафту модараш ману шумоёнро аз дар берун кард. Хайрият, ки раҳми тағоятон омаду ҳамин хонаро ба мо дод, вагарна бо се кӯдак дар кӯча мемондам...”
Аз рӯзе, ки ин ҳақиқати талхро аз забони модарамон шунидем, корамон танҳо гиряву нолаву оҳ аст. Мехоҳем аз минбари “Оила” ба падари духтарбезорамон бигӯем:
Падар, ҳарчанд ту дар тӯли 13 сол ягон бор моро ба гӯшаи хаёлат наовардӣ, ҳарчанд нагуфтӣ, ки ҳамсарам бо се духтараш чӣ мехӯранду чӣ мепӯшанд, хориву зориҳои зиёде кашида бошем ҳам, мо намурдем. Медонем, ки дар хорича духтур шуда кор мекунӣ ва дар он ҷо шуҳрату ному нону зану фарзанд дорӣ, аммо наход дилат ягон бор ба ёди се духтарат гум назада бошад?! Ягон бор ба ёдат намерасад, ки дар ин ҷо, дар Тоҷикистон се ҷигарбандат бо чашми чор роҳи туро мепоянд? Мо кайҳо мактабхон шудем падарҷон ва ҳар рӯз муаллимон сарамонро сила намуда, барои хубу аъло хонданамон “Офарин, бар падарат раҳмат!” мегӯянд. Биёву бо чашмони сарат бубин, ки духтарони аз онҳо ношукрӣ кардаат чӣ тавр номи туро баланд мебардоранд! Мо, се хоҳар қавл додаем, ки агар падарамон ба хубӣ ба наздамон барнагардад, сарамонро ба санги хоро зада ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешавем ва мисли худаш духтур шуда, ба хорича меравем ва аз гиребонаш гирифта уро дубора ба Ватан меорем! Дилҳои моро нашикан падар! Аз духтаронат ношукрӣ накун, зеро ношукрӣ заволи неъмат аст мегӯянд. Нашавад, ки рӯзе ба нохуни фарзанд зор шавӣ...
Духтарони чашминтизорат