Arzon march 2024
Набераҳои ҳунарманд дар клип нақш мебозанд
788


Қобилҷон Зарипов аз зумраи сарояндагони машҳури тоҷик буда, сабку услуби хоси худро дорад ва таронаҳояш ҳамеша дилнишинанд.

Ин ҳунарманди маҳбуб 2 рӯз қабл клиптаронаи навашро бо номи “Бобо шудам” дар ютуб-канали “Панҷшер медиа” пешкаши мухлисони савту наво гардонд. Матни шеър аз Нусратулло Бобоев буда, оҳанг аз худи Қобилҷон Зарипов аст.

Писари сароянда Комилҷон Зарипов зимни сӯҳбат бо сомонаи Оила. тч гуфт, ки клип дар табиати зебоӣ Боғи Ирами пойтахт сабт шудааст. Дар ин клип набераҳои Қобилҷон Зарипов, се писари Комилҷон-Умарҷон,Усмонҷон ва Абубакр ҳамроҳи бобояшон нақш бозидаанд. Комилҷон Зарипов қайд кард, ки рӯзҳои наздик ба мухлисони худ ва падараш сюрпризҳои нав пешкаш мекунанд.

Аз ҷумла бо дархости зиёди тоҷикони берун аз Ватан санаи 27-декабр соати 18:00 дар “Кафе Зарафшон”и шаҳри Красноярски Россия консерт доданиянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД