Шоҳзодаҳо-ҳаёти онҳо ҳамеша дар мадди назари мардум қарор дорад. Иддае ба шоҳзодаҳо бо чашми ҳавас менигаранд, бархи дигар ба онҳо ҳасад мебаранд, вале ин тоифаи хос низ аз ғаму дардҳои дилхароши зиндагӣ дар амон нестанд.
Дар хонадони шоҳон низ баъзан фоҷиаҳои ҷигарсӯзе рӯй медиҳанд, ки доғашон солҳои дароз дар дил мемонад. Марги набераи авввалин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев -Айсултон Назарбоев аз зумраи чунин фоҷиаҳост.
Дар бораи марги пурасрори набераи президент сару садоҳо хеле зиёд буданд. Қабл аз маргаш Айсултон Назарбоев якбора дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол гашта, ҳамеша аз он шиква мекард, ки ӯро таъқиб менамоянд, аз ҳамин сабаб бисёриҳо гумон доштанд, ки ҳалокати ин ҷавон кори дасти душманонаш аст,. Ниҳоят ташхис ба анҷом расида, сабаби марги набераи президент равшан гашт.
Ба иттилои Спутник, марги набераи президент табиӣ буда, унсурҳои ҷиноӣ дар ин ҳодиса ба назар намерасанд. Аммо коронер Фиона Уилкокс аз Британияи Кабир дар шаҳри сабабҳои марги Айсултон Назарбоев гуфтааст, ки марги табии набераи президент бар асари таъсири ногувори маводи нашъаовар фарор расидааст. Наздикони хонаводаи Назарбоев низ дар сӯҳбат бо хабарнигорони РИА- Новости инро тасдиқ кардаанд.
Набераи президент чанд сол боз бо нашъамандӣ мубориза мебурд, вале ишқи кокаин оқибат сари ин ҷавони ормониро хӯрда, ӯро ба домони хоки сард кашид.
Манбаъ: Спутник-Тоҷикистон