Sebiston new 2024 october
Мӯйсафеди туҳматчиро худо заду... Қисми 3
1512

-Ҳуҷҷат гуфтӣ, ана ин ҳуҷҷат!
-Ман аз куҷо боварӣ ҳосил намоям, ки падарам ба шумо ин пулҳоро надодаанд?
-Агар падарат пулҳоро медод, забонхаташро мегирифт.

-Хуб, забонхатро диҳед ва пулро гиред,-Орзу забонхатро гирифта пулҳои ваъдакардаашро ба мӯйсафед дод ва рӯяшро ба рӯйи вай наздик карда, рост ба чашмонаш нигаристу гуфт:
-Агар бори дигар аз сари роҳам бароед, давоми умратон паси панҷара мегузарад. Ман дар бораи мардумфиребии шумо маълумот ва ҳуҷҷатҳои зиёде дорам.
Бобои Умед аз гапҳои Орзу рамидагибарин як қадам ба қафо рафту ба пасаш нигоҳ накарда аз назди ҷавон дур шуд.


Бо ҳамин Орзу дигар бо бобои Умед рӯ ба рӯ нашуд. Аз байн се сол гузашта бошад ҳам, дигар дар борааш чизе нашунид, вале як рӯз модараш аз маъракае омада гапро дар бораи он мӯйсафеди ҳаллагра сар кард ва гуфт:
-Писарам, он муттаҳамеро, ки қарзи ба падарат додаашро чанд баробар карда гирифта буд дар хотир дорӣ?
- Бобои Умедро мегӯед модарҷон?
- Бале писарам. Он мӯйсафеди худобехабар дар ҳақиқат шайтони дупо будааст. Чандин одамони камбағал аз дасти ӯ хонасалот шудаанд. Ба одамон ба фоиз қарз дода, баъд мисли кана хунашонро мемакидааст. Аз пушти фоизи пулаш хонаи чандин нафарро кашида гирифтааст. Аз забонхати додаи мардум чандин бор истифода мекардааст. Дар рӯзҳои фавти қарз гирифтаҳо қасдан монеи хондани ҷаноза мешудааст, ки ягон нафар қарзро ба гардан гирад ва ӯ боз соҳиби пул шавад. Боз як найранги дигар ҳам доштааст, қасдан худро ба сӯйи мошинҳои роҳгузар ҳаво медодааст. Мошин занам назанам худашро ба замин партофта, баъд ронандаи бечораро тергав карда, пулашонро кашида мегирифтааст. Ронандаҳои аз асли гап бехабар аз тарси он ки мабодо ба ягон ҷо шикоят накунад, чанд моҳ ба хонааш халта-халта хӯрданӣ бурда, пул медодаанд.
- Модарҷон Шумо инро аз куҷо фаҳмидед?-пурсид Орзу.
-Занҳо дар маърака гуфтанд. Ин бор тири мӯйсафед хок хӯрдааст. Азбаски нақлиёт ҳаракати тез доштааст мӯйсафед зарбаи сахт хӯрда, дасту пою миёнаш шикастааст. Медонӣ ин барои мӯйсафед чӣ мусибати бузург аст, шояд дигар асло роҳ гашта натавонад...
- "Ҳар касе он даравад оқибати кор ки кишт" - гӯед!
-Бале писарам, сазои аъмолашро дид мӯйсафеди фиребгар. Бори охир як мардаки бечораро, ки бо таксӣ базур рӯзиашро меёфтааст, шантаж карда, пули калон талаб кардааст. Марди бечора ноилоҷ ба ҷойи пул мошинашро додааст. Мегӯянд, ки баъди ҳамон ҳодиса то ёфтаани як кори дуруст бачаҳояш моҳҳо гурусна мондаанд. Шояд мӯйсафедро оҳи дили онҳо гирифт...
-Модарҷон, ман ҳайрон, охир чаро баъзе одамон оқибати кори худро андеша намекунанд...
-Меандешанд писарам, аммо он вақт дер мешавад. Ҳозир бобои Умед аз корҳои кардааш пушаймон будааст, вале дигар суде нест. Он қадар барои табобаташ пул рафтааст, ки беҳисоб.
- Боз чун ҳарвақта ронандаро айбдор накардааст?
-Не, ронанда қасдан худро ба назди нақлиёт партофтани мӯйсафедро исбот кардааст. Акнун мӯйсафед дигар роҳ гашта наметавонад, бар замми ин дастонаш ҳам кор намекунанд. Боз гап-гап ҳаст, ки аз тарси сахт забонаш ҳам аз кор мондааст. Ба қавле ҷон дорад, вале аз мурда будтар шудааст. Диди писарам, худованд дергири сахтгир аст. Ҳеҷ гоҳ ҳаққи касеро нахӯр, чунки ҳаққи кас заҳри бадан мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД