- Не! Ман намегузорам, ки ин ҷаноза хонда шавад. То он даме, ки қарзи ба ин одам додаамро касе ба гардан нагирад, розӣ нестам ва намегузорам, ки ҷанозаро хонанд. Касе хаст аз наздикони майит, ки қарзи ӯро пардохт кунад?-чеҳраашро дурушт карда ба ҳозирин суоломез нигоҳ кард бобои Умед, ки миёни халқ бо номи Умеди муттаҳам машҳур гашта буд. Ҳозирин ба суханони ӯ бо шубҳа менигаристанд. Бархе дар дил ӯро лаънат мекарданд, ки дар рӯзи мусибат ба ҷои он, ки ҳамдардӣ баён карда пайвандони майитро тасаллият диҳад, монеъи хондани ҷаноза шуд.
-Бобои Умед ин суханҳоро гуфта бе ибо мунтазири ҷавоб шуд. Ҳамин замон аз байни ҳозирин писари марҳум Орзу овоз баланд карда гуфт:
-Ман медиҳам қарзи падарамро! Ба пулҳои гирифтааш ман кафил!
Ҷавон чашмони аз ашк варамидаашро ба бобои Умед дӯхт, мӯйсафед ба нигоҳи ҷаовн тоб наоварда, сарашро хам кард...
Ҳамин тавр ҷаноза хонда шуду пас аз гӯру чӯб ва тасаллият гуфтан ба пайвандони майит ҳама хона ба хона равон шуданд. Зану кӯдакони Одил аз марги муфоҷои падар хун гириста, бе дуд месӯхтанд. Чеҳраи маъсуми кӯдакон аз пора-пора шудани қалбашон дарак медод.
-Одамон пайи ҳам фотиҳа мекарданду мерафтанд. Дар ин миён як мӯйсафеди нуронии асобадаст, ки либоси сафеду тоқии тоҷикона ба сар дошт, назди Орзу омада нишаст ва баъди дуову фотиҳа маънидорона ба ҷавон нигариста гуфт:
- Писарам дар ҷаноза дуруст кардӣ, ки қарзҳои падаратро ба гардан гирифтӣ, лекин метарсам, ки ин Умед-муттаҳам туро фиреб накунад. Қарзро ба гардан гирифтӣ, вале бояд хоҳони шоҳид ва ягон ҳуҷҷат ҳам шавӣ! Ҳоло ту ҷавонӣ. Нафси дунё чашми баъзе инсонҳоро ончунон кӯр кардааст, ки ба ҳама гуна кори қабеҳ даст мезананд.
- Рост мегӯед Бобоҷон, лекин ин мард байни омма дарбораи қарз гуфту монеи хондани ҷанозаи падарам шуд. Гапро кашол медодам, рӯҳи падарам ноором мешуд,-оҳи чуқуре кашида гуфт Орзу.
- Бале писарам, гапат ҷон дорад, лекин ин мардро ҳама хуб мешиносанд. Беҳуда нест, ки ба вай Умеди муттаҳам лақаб гузоштаанд. Ин марди худонотарс бо тӯҳмату иғвогарӣ сари чандин одамонро ба сад бало гирифтору чандин касонро хонасалот кардааст. Ҷанозаи падарат аввалин ҷаноза нест, ки Умед монеи хондани намози ҷаноза шуда бошад. Ман чунин рафтори ӯро дар дигар ҷанозаҳои дӯстонаш ҳам дидаам. Пеш аз он, ки ба ӯ пул медиҳӣ, як бор шоҳид ва ё ҳуҷҷат талаб кун! Мӯйсафед инро гуфта, дасти Орзуро фишурд ва "Худованд ба шумоён сабр диҳад" гӯён рафт.
-Қадами одамони ба фотиҳа омада канда намешуд. "Бечора одами нағз буд", "Ба Шумо сабр диҳад", "Бандагӣ-дия" мегуфтанду мерафтанд.
ххххх
Аз байн як ҳафта гузашт. Бобои Умед барои гирифтани пулҳои додааш ба хонаи писари Одил-Орзу омад.
-Соҳибхона, ҳей соҳибхона,-ҷеғ зад бобои Умед.
Додари хурдии Орзу аз назди дарвоза камтар дур истода гуфт:
- Лаббай Бобоҷон. Барои хондани фотиҳа омадед?
-Бале писарам, агар акаат бошад, рафта гӯй, ки барояд.
-Хуб, ҳозир мегӯям бобо,-писарак рафта акаашро ҷеғ зада омад.
- Ассалому алайкум! -Бо одоби хоси тоҷикона пурсупос кард Орзу.
-Воалейкум писарам. Умедворам, ки маро шинохтӣ!
-Бале шинохтам.
-Хӯш қарзи ба гардан гирифтаатро кай медиҳӣ?
- Ҳозир медиҳам, чанд пул қарздорем?
-Панҷ ҳазор сомон.
-Хуб падарам барои чӣ аз шумо қарз гирифта буданд?
-Ту ҳоло ҷавонӣ ин чизҳоро намедонӣ! Дар зиндагии ҳар мард як ноомадии кор мешавад. Шояд падарат ба ноомади кор монда буд, ки аз ман қарз гирифт. Инро намедонам, лекин ҳар рӯз имрӯз пагоҳ мегуфту вақтро кашол медод.
- Ягон далел ё шоҳид доред? - Бо қатъият пурсид Орзу.
(Давом дорад)