Олимон собит намудаанд, ки мӯйи инсон ба мисли тамоми ҷисмаш хусусияти пиршавӣ дорад, вале ҷараёни пиршавии пӯсти рӯй ва мӯй аз якдигар фарқ мекунанд. Ҳуҷайраҳои пӯсти рӯй баъди ҳар 28-30 рӯз ҷавон мешаванд, вале мӯй қобилияти аз нав барқароршавиро надорад.
Мӯй кай пир мешавад?
Тамоми элементҳое, ки барои афзоиши мӯй мусоидат мекунанд, ба ҷараёни пиршавии он низ таъсири худро мерасонанд. Омилҳои аввалини пиршавии мӯйи сар халалёбии кори ҳормонҳо ва ирсият мебошад, масалан, агар мӯйи сари волидонатон дар синни 25-солагӣ аллакай сафед шуда бошад, эҳтимоли он ки мӯйи сари шумо низ барвақт сафед мешавад, хеле зиёд аст.
Сабаби дуюм дар саломатӣ ва зуд-зуд гирифторшавӣ ба изтироби руҳӣ аст.
Бо фаро расидани давраи қатъ шудани ҳайзи зан, асосан он баъди 45-солагӣ рух медиҳад, ҷисми бонувон ҳормони эстрогенро хеле кам коркард мекунад. Кам шудани ҳормони мазкур на танҳо афзоиши мӯйро суст мекунад, балки боиси халалдор шудани хоб ва бемориҳои узвҳои пешоброн мегардад.
Чормағз ва қулфинай мӯйро қувват мебахшанд
Агар мӯйи шумо заифу камамал шуда бошад, эҳтимоли он ки дар ҷисматон синк намерасад, хеле зиёд аст. Норасоии синкро дар ҷисм бо истеъмол намудани қулфинай ва чормағз барқарор кардан мумкин аст. Ҳамзамон барои афзоиши хубтари мӯй аминокислотаи таурин лозим аст, миқдори зиёди онро аз таркиби моҳиву маҳсулоти баҳрӣ ва гӯшти индук дастрас кардан мумкин аст.
Ифлосшавии муҳити зист ва изтироби доимӣ низ ба ҳолати мӯйҳо бе таъсир намемонанд. Нӯшидани чойи кабуд ё донаки ангур таъсироти манфии фишори руҳӣ ва гардиши хунро дар решаҳои мӯйи сар бартараф месозад.
Мӯйро маҳс кунед
Олимони ҷопонӣ собит намудаанд, ки бо рафтани синну сол фаъолияти рагҳои хунгарди пӯсти сар заиф мегарданд. Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки мушкилоти мазкурро тавассути маҳс намудани пӯсти сар, яъне беҳтар сохтани гардиши хун ва ғизогирии решаҳои мӯй бартараф кардан имконпазир аст. Аз ин рӯ, ҳар дафъаи шустани сар нағзакак маҳс кардани сарро фаромӯш накунед.
Нигоҳубини ҳаррӯзаи мӯй бояд чӣ гуна бошад?
- Бо шампун шустани сар.
- Ҳатман истифода бурдани балзам.
- Ҳафтае як маротиба истифода бурдани ниқобҳои ғазобахш.
- Дуруст истифода бурдани фен- дар масофаи дуртар аз сар қапидани фен ва аз ҳарорати баланди он истифода набурдан.
- Дуруст шона кардани мӯй, мӯйро дар ҳолати тар буданаш шона накардан.
Маҳлулҳо бар зидди пиршави мӯйи сар
Айни замон дар мағозаҳо маҳлулҳои махсусе пешниҳод карда шудаанд, ки барои пешгирӣ намудани пиршавии бармаҳали мӯй истифода бурдан мумкин аст. Аз ҷумла “кондитсионер”-ҳои барқароркунанда, шампун ва капсулаҳои махсуси зиддисинусолӣ барои мӯй.
Косметологон тавсия медиҳанд, ки аз синну соли дилхоҳ ин воситаҳоро истифода бурдан мумкин аст.